Анису-л-аҳиббо
Зоҳир
Унсури холии Викидода |
«Анису-л-аҳиббо» — тазкираи Анис Муҳанлаъли Садрпурии Лакҳнавӣ, ки соли 1778 навишта шудааст.
Шарҳи ҳолу осори устоди Макин Мирзо Азимои Исфаҳонӣ, худи Муҳаммад Фахири Макин (устоди Анис) ва шогирдони мусулмону ҳиндуи ӯро дар бар мегирад. Дар ин тазкира тақрибан шарҳи ҳоли 50 нафар шогирди Макин омадааст. Дар баъзе нусхаҳо дар шумораи шогирдон тағйирот ба назар мерасад. Анис Муҳанлаъл дар тадвини тазкира аз «Тазкирату-л-муосирин»-и Ҳазини Лоҳиҷӣ илҳом гирифтааст. Тазкира ба табъ нарасидааст. Нусхаҳои дастнависаш дар китобхонаҳои Ҳиндустон маҳфузанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Анису-л-аҳиббо / М. Диловаров // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
- Аҳмад Гулчин Маонӣ, Таърихи тазкираҳои форсӣ, ҷ. 1, Т., 1348 ҳ. шаҳри