Jump to content

Аннабелл Уоллис

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Аннабелл Уоллис
англ. Annabelle Wallis
Ном ба ҳангоми таваллуд: инг. брит. Annabelle Frances Wallis
Таърихи таваллуд: 25 сентябр 1984(1984-09-25)[1] (40 сол)
Зодгоҳ:
Шаҳрвандӣ:
Касб: ҳунарпеша, ҳунарпешаи телевизион, бозигари синамо, ҳунарпешаи театр
Корнома: 2005 — то ҳол
IMDb: ID 1834115
 Парвандаҳо дар Викианбор

Аннабел Уоллис (англ. Annabelle Wallis ё Annabelle Wallace; тав. 5 сентябри[3][4][5] 1984) — ҳунарпешаи бритониёӣ, ҷияни ҳунарманд Ричард Харрис[6][7]. Дар байни нақшҳои маъруфи ӯ Малика Ҷейн Сеймур дар мавсими сеюми филми « Тюдорҳо», Грейс Бургесс дар силсилафилми драмавии Би-Би-Си « Острые козырьки», Миа Форм дар филми даҳшатангези «Лаънати Аннабел» ва Ҷенни Ҳалси дар филми саёҳӣ-ҷангии « Мумия» ҳастанд.

Зиндагинома ва касб

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аннабелл Уолис дар Оксфорди Бритониё таваллуд шудааст, аммо дар Португалия калон шуд. Забонҳои фаронсавӣ, португалӣ ва испаниро хуб медонад. Фаъолияти кориашро ҳамчун ҳунарманд соли 2002 оғоз намуда, дар лоиҳаҳои мустақили синамо иштирок кардааст[7]. Аввалин кори назарраси ӯ нақши Софи дар филми Болливуд дар соли 2005 «Тавре ки дили ту нақл мекунад» буд.

Дар соли 2009, ҳунарпеша дар нақши Ҷейн Сеймур дар силсилафилми маъруфи шабакам Showtime «Тюдорҳо», пас аз он ки Анита Брием намоишро дар охири мавсими дуюм тарк кард, ҳунарнамоӣ кард. Уоллис дар наворгирии чор қисматм мавсими сеюм ширкат варзид.

Дар соли 2011, ҳунарпешаро дар филми абарқаҳрамонии X-Men: Class First (Люди Икс: Первый Класс) ва соли 2014 дар филми даҳшатангези Лаънати Аннабел (Проклятие Аннабель) дидан мумкин буд. Барои нақш дар филми даҳшатнок, Уоллис ба ҷоизаи MTV Movie дар бахши «беҳтарин тарс» пешбарӣ шуд. Илова бар ин, аз соли 2013 то 2019, Уоллис дар 13 қисмати драмаи ҷиноии Peaky Blinders (Острые Козырьки) бозӣ кардааст.

Соли 2016 Уоллис дар филми «Бародарон аз Гримсби» ҳунарнамоӣ кард. Пас аз ду сол, ҳунарпеша ба жанри мазҳака бармегардад, ки дар филми « Шумо меронед!» бо ширкат ҳамроҳ бо ҳунармандҳо, ба монанди Эд Ҳелмс, Ҷереми Реннер ва Ҷон Ҳэмм бозӣ мекунад.

Дар соли 2017 Аннабеллро дар фэнтезии моҷароии «Шамшери шоҳ Артур», инчунин дар филми «Мумиё» бо Том Круз дидан мумкин буд.

Дар соли 2019, Showtime нахустнамоиши «Баландтарин овоз»-ро гузаронд, ки дар он Аннабелл ҳамчун ҳайати асосӣ ширкат кардааст. Барои нимаи дуюми соли 2020 бо иштироки ҳунарпеша намоиш додани филми афсонавии амалии "День курка " ба нақша гирифта шудааст. Дар филм инчунин Мел Гибсон, Фрэнк Грилло ва Наоми Уоттс нақш мебозанд.

Филмография

[вироиш | вироиши манбаъ]
Сол Номи тоҷикӣ Номи аслӣ Нақш
2005 ф Как сердце подскажет Dil Jo Bhi Kahey... Софи Бессон
2005 с Инспектор Джерико Jericho Лиззи Уэй
2006 ф True True Lie Пэйдж
2007 ф Стальная ловушка Steel Trap Мелани
2007 тф Диана: Последние дни принцессы Diana: Last Days of a Princess Келли Фишер
2008 ф Совокупность лжи Body of Lies подружка Хани
2008 ф Right Hand Drive Рут
2009 тф Ghost Town Серена
20092010 с Тюдоры The Tudors Джейн Сеймур
2010 тф Потерянное будущее The Lost Future Дорел
2011 ф МЫ. Верим в любовь W.E. Арабелла Грин
2011 с Пан Американ Pan Am Бриджет Пирс
2011 ф Люди Икс: Первый класс X-Men: First Class Эми
20132016 с Острые козырьки Peaky blinders Грейс Берджесс
2014 с Флеминг: человек, который хотел стать Бондом Fleming: The Man Who Would Be Bond Мюриэл Райт
2014 с Мушкетёры The Musketeers графиня Нинон де Ларрок
2014 ф Проклятие Аннабель Annabelle Миа
2016 ф Братья из Гримсби Grimsby Лина Смит
2016 ф Мина Mine Дженни
2017 ф Меч короля Артура King Arthur: Legend of the Sword Мэгги
2017 ф Мумия The Mummy Дженни Хэлси
2018 ф Ты водишь! Tag Ребекка Кросби
2019 с Самый громкий голос The Loudest Voice Лори Лун
2020 ф Бесшумный Silencing Алиса Густафсон
2020 ф День курка Boss Level Элис
2021 ф Злое Malignant
2021 ф Тихая ночь Silent Night
  1. https://books.google.com/books?id=pwZTDwAAQBAJ&q=%22annabelle+wallis%22+September+1984&pg=PA301
  2. Deutsche Nationalbibliothek Record #1011171554 // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.
  3. Annabelle Wallis on Twitter. 6 сентябри 2016 санҷида шуд.
  4. Annabelle Wallis biography(англ.). tribute.ca. 14 июни 2016 санҷида шуд.
  5. Annabelle Wallis(англ.). famousbirthdays.com. 14 июни 2016 санҷида шуд.
  6. Annabelle Wallis: TRIVIA(англ.). TV.com. 14 апрели 2010 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 23 апрели 2012.
  7. 7.0 7.1 Interview with Annabelle Wallis - leading lady of Dil Jo Bhi Kahey(англ.). indiaglitz.com. 14 апрели 2010 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 23 апрели 2012. Хатои ёдкард: Invalid <ref> tag; name "Annabelle" defined multiple times with different content