Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Том Круз

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Том Круз
англ. Tom Cruise
Ном ҳангоми таваллуд англ. Thomas Cruise Mapother IV
Таърихи таваллуд 3 июли 1962(1962-07-03)[1][2][3][…] (64 сол)
Зодгоҳ
Шаҳрвандӣ
Пеша ҳунарпешаи синамо, таҳиякунандаи филм, коргардони филм, филмноманавис, халабон, бадалкор, нависанда, ҳунарпеша, коргардон, мусиқидон
Солҳои фаъолият 1981 — то ҳол
Ҷоизаҳо
IMDb ID 0000129
Имзо
tomcruise.com​(англ.)
 Парвандаҳо дар Викианбор

Том Круз (англ. Tom Cruise, номи пурра — Томас Круз Мапотер IV (англ. Thomas Cruise Mapother IV); тав. 3 июли 1962, Сиракюс, иёлати Ню-Йорк) — ҳунарпеша ва таҳиякунандаи машҳури амрикоӣ. Ӯ 3 июли соли 1962 дар шаҳри Сиракузи наздикии шаҳри Ню-Йорк дар ИМА ба дунё омадааст.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Том дар оила фарзанди сеюм ва яккаписар буд. Модараш ҳунарпеша ва падараш муҳандис кор мекарданд. Азбаски барои падараш кор ёфтан мушкил буд, онҳо зуд-зуд ҷои истиқоматро дигар мекарданд. Том аз хурдӣ аз қади пасти худ шарм медошт. Ӯ ба ҳар намуди варзиш машғул мешуд, то қадашро сантиметре бошад, ҳам дароз кунад. Дар мактаб ӯ талабаи фаъол набуд. Вақте ки Том 12 сола буд, падараш аз модараш ҷудо шуд ва ҳолати молиявии онҳо бад шуд. Том ва хоҳаронаш маҷбур буданд, ки баъд аз мактаб кор кунанд, то ба модарашон каме бошад ҳам, дар таъмини зиндагӣ кумак намоянд. Дар давоми як сол Том ба мактаби динӣ меравад. Ӯ нияти руҳонӣ шудан дошт, вале чанде пас аз ин мақсадаш даст мекашад ва ба коллеҷи одӣ меравад. Дар ин ҷо ӯ дар баромадҳои театрӣ иштирок меварзад ва дарк менамояд, ки бояд санъати синаморо аз худ намояд. Ӯ ба шаҳри Ню-Йорк барои шуҳратёбӣ меояд ва номи дарози худро ба «Том Круз» иваз мекунад.

Нақши аввалинашро Том Круз дар филми «Ишқи бепоён» /Endless Love, 1981/ (дар нақши асосӣ Брук Шилдс) меофарад. Вале аввалин филме, ки Том Крузро машҳур кард, филми «Амалиёти пурхатар» /Risky Business, 1983/ буд. Соли 1985 филми Top Gun («Тирандози беҳтарин») баромад, ки шуҳрати ӯро дар байни тамошобинон афзуд.

Қобилияти нотакрор ҳунарпешаро зуд машҳур кард. Дар давоми чанд соли минбаъда ӯ ба ситораи синамои Амрико ва ҷаҳон табдил ёфт.

Барои иштирок дар филми «Зодаи чоруми июл» /Born on the Fourth of July, 1989/ Том Крузро ба ҷоизаи Оскар дар номинатсияи «Ҳунарпешаи беҳтарин» пешниҳод карданд, вале бахташ омад накард ва ҷоизаро дигар кас гирифт. Соли 1990 ҳангоми ба наворгирии филми «Рӯзҳои раъд» /Days of Thunder, 1990/ Круз завҷаи ояндааш — Никол Кидманро во мехӯрад.

Орзуи деринаи Том дар нақши ба Ҷеймс Бонд монанд бозидан буд ва инро ӯ соли 1996 амалӣ сохт. Филми «Вазифаи иҷронашаванда» /Mission: Impossible, 1996/ дар байни тамошобинон хеле машҳур гардид. Ҳарчанд ки дар ба наворгирии ин филм маблағи хеле калон (бештар аз 120 млн доллари ИМА) сарф шуд, он хароҷоти сарфшударо бозпас гардонида тавонист. Фимлҳои минбаъдаи Том Круз аз нигоҳи молиявӣ ҳарчанд бомуваффақ бошанд, ҳам ба ӯ маротибае имкони соҳиби ҷоизаи Оскар шудан нашудааст. Дар филми «Самурайи охирин» Том Круз умедвор буд, ки соҳиби ҷоиза мешавад, вале боз ӯро сазовор надонистанд. Соли 2005 барои Круз нисбатан бомуваффақият буд. Ӯ дар филми «Ҷанги ду ҷаҳон» (коргардон Стивен Спилберг) иштирок меварзад. Дар нишасти матбуотии ин филм, онҳо барои барпо намудани оила эълон намуданд. Чанде пас Ҳолмс ҳомиладор шуд ва апрели соли 2006 фарзандашон Сурӣ ба дунё омад. (номи духтарашро Том гузошт).

Ҳаёти оилавӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ӯ 3 маротиба издивоҷ намудааст. Зани дуюми Том Круз ҳунарпешаи машҳури синамои амрикоӣ Никол Кидман буд. Том Круз бо Никол Кидман соли 1990 оиладор мешаванд. Соли 2001 Никол Кидман ва Том Круз аз ҳам ҷудо шуданд. Дар ин муддат, Том аллакай маъшуқаи нав пайдо карда буд. Ӯ бо ҳунарпешаи шинохта Пенелопа Круз ишқварзӣ мекард. Онҳо қариб оиладор ҳам шуданд, вале бо кадом як сабабе дар охир аз фикрашон гаштанд.

Дар наворгирии филми «Ҷанги ду ҷаҳон» Том Круз бо Мими Роджерс во мехӯрад. Дар нишасти матбуотии ин филм, онҳо барои барпо намудани оила эълон намуданд. Чанде пас Кэтӣ Ҳолмс ҳомиладор шуд ва апрели соли 2006 фарзандашон Сурӣ ба дунё омад. (номи духтарашро Том гузошт).[5]

Том Круз дар соли 1985
Том Круз дар 61-ум ҷашнвораи Academy Awards, соли 1989
Том Круз дар соли 2007 дар филм ҷашнвораи Лондон (London Film Festival) Lions for Lambs
Том Круз соли 2013 дар "San Diego Comic-Con"
Том Круз дар соли 2016
Ситораи Том Круз дар Hollywood Walk of Fame
Изи дастони Том Круз дар Leicester Square, ш.Лондон
СолНом ба русӣНоми аслӣнақш
1981русӣ: Бесконечная любовьангл. Endless LoveБилли
1981русӣ: Отбой (Кадеты)Текст ячейкиДэвид Шоун, кадет
1983русӣ: ИзгоиТекст ячейкиСтив Рэндл
1983русӣ: Теряя это Текст ячейкиВуди
1983русӣ: Рискованный бизнесТекст ячейкиДжоэл Гудсен
1983русӣ: Все верные ходыТекст ячейкиСтефан Джорджевик
1985русӣ: ЛегендаТекст ячейкиДжек О’Грин
1986русӣ: Лучший стрелокТекст ячейкиПит 'Мэверик' Митчелл, лейтенант
1986русӣ: Цвет денегТекст ячейкиВинсент Лауриа
1988тоҷикӣ: Коктейльангл. CocktailБрайан Флэнаган
1988русӣ: Человек дождяангл. Rain ManЧарли Бэббит
1989русӣ: Рождённый четвёртого июляТекст ячейкиРон Ковик
1990русӣ: Дни громаТекст ячейкиКоул Трикли
1992русӣ: Несколько хороших парнейТекст ячейкиДэниэл Каффи, лейтенант
1992русӣ: Далеко-далекоТекст ячейкиДжозеф Донелли
1993русӣ: ФирмаТекст ячейкиМитч МакДир
1994русӣ: Интервью с вампиромТекст ячейкиЛестат де Лионкур
1996русӣ: Джерри МагуайерТекст ячейкиДжерри Магуайер
1996русӣ: Миссия невыполнимаангл. Mission: ImpossibleИтан Хант
1999русӣ: С широко закрытыми глазамиангл. Endless Loveдоктор Уильям Харфорд
1999русӣ: МагнолияТекст ячейкиФрэнк Макки мл.
2000русӣ: Миссия невыполнима 2англ. Mission: ImpossibleИтан Хант
2001русӣ: Стэнли Кубрик: Жизнь в киноТекст ячейки
2001русӣ: Ванильное небоТекст ячейки
2002русӣ: Космическая станция 3DТекст ячейки
2002русӣ: Особое мнениеТекст ячейки
2002русӣ: Остин Пауэрс: ГолдмемберТекст ячейки
2003русӣ: Последний самурайТекст ячейки
2004тоҷикӣ: Соучастникангл. Cocktail
2005русӣ: Война мировангл. Rain Man
2006русӣ: Миссия невыполнима 3Текст ячейкиИтан Хант
2007русӣ: Львы для ягнятТекст ячейки
2008русӣ: Солдаты неудачиТекст ячейки
2008русӣ: Операция «Валькирия»Текст ячейки
2010русӣ: Рыцарь дняТекст ячейки
2011русӣ: Миссия невыполнима: Протокол ФантомТекст ячейкиИтан Хант
2012русӣ: Рок на векаТекст ячейки
2012русӣ: Джек РичерТекст ячейки
2013русӣ: ОбливионТекст ячейки
2014русӣ: Грань будущегоТекст ячейкимайор Билл Кейдж
2015русӣ: Миссия невыполнима: Племя изгоевТекст ячейкиИтан Хант
2016русӣ: Джек Ричер 2: Никогда не возвращайсяТекст ячейкиДжек Ричер
2017русӣ: МенаТекст ячейкиБарри Сил
2017русӣ: МумияТекст ячейкиТайлер Кольт
2017русӣ: Сделано в АмерикеAmerican MadeБарри Сил
2018русӣ: Миссия невыполнима: ПоследствияMission: Impossible — FalloutИтан Хант
2020русӣ: Лучший стрелок 2Top Gun: MaverickМаверик

Ҷоиза ва номзадҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. ↑ Encyclopædia Britannica (ингл.)
  2. ↑ filmportal.de — 2005.
  3. ↑ Brockhaus Enzyklopädie (нем.) — F.A. Brockhaus, 1796.
  4. ↑ Deutsche Nationalbibliothek Record #118872206 // Gemeinsame Normdatei (нем.) — 2012—2016.
  5. ↑ kinonews.ru Том Круз. 23 ноябри 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 21 ноябри 2016.
  6. ↑ Золотая малина (премия, 2018)(рус.) // Википедия. — 2018-03-03.