Jump to content

Гулмуҳаммад Аннақулов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Аннақулов Гулмуҳаммад)
Гулмуҳаммад Аннақулов
Таърихи таваллуд 1901(1901)
Зодгоҳ деҳаи Ғортеппаи ноҳияи Ленин
Таърихи даргузашт 1978(1978)
Маҳалли даргузашт Орҷоникидзеобод
Ҷоизаҳо
Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ — 1958
Ордени Ленин Ордени «Нишони Фахрӣ»

Гулмуҳаммад Аннақулов (1901, деҳаи Ғортеппаи ноҳияи Ленин — 1978, ноҳияи Орҷоникидзеобод) — пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1958). Устоди пахтаи ҶШС Тоҷикистон (1948)

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Ёвон, Янгибозор, Ромит барои барқарор намудани Ҳокимияти Советӣ, сохтмони колхозҳо ва ҷанги зидди босмачиён фаъолона иштирок кардааст (1923—1931), мудири шӯъба ва аъзои комитети Ҳизби коммунистии ноҳияи Кофарниҳон (1932—1935), раиси колхози ба номи Ленин (1936—1937), раиси комитети иҷроия (1937—1942), котиби комитети Ҳизби коммунистии ноҳияи Кӯктош (1943—1945) ва раиси ҷамъияти матлуботи ҳамин ноҳия (1945—1952), раиси колхози ба номи Андрееви ноҳияи Ҷилликӯл (1953—1957), муовини раис ва котиби комитети Ҳизби коммунистии колхози ба номи Телмани ноҳияи Орҷоникидзеобод (1958—1960) буд. Аз соли 1961 нафақагир. Соли 1938 депутати Совети Олии ҶШС Тоҷикистон (даъвати 1) интихоб гардид.

Ордену медалҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо орденҳои Ленин, «Нишони фахрӣ» ва дигар ордену медалҳо сарфароз гардидааст.