Jump to content

Анна Голубкина

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Анна Голубкина
Суратҳо
Таърихи таваллуд 16 (28) январ 1864[1]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт 7 сентябр 1927(1927-09-07)[2][3][4][…] (63 сол)
Маҳалли даргузашт
Мамлакат:
 Парвандаҳо дар Викианбор

Анна Семёновна Голубкина (16 [28] январ 1864[1], Зарайск[d], Губернияи Рязан[d][1]7 сентябр 1927[2][3][4][…], Зарайск[d], Губернияи Рязан[d][1]) — ҳайкалтароши рус, яке аз устодони номдори даврони мудерн.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Омӯзишгоҳи рассомӣ, ҳайкалтарошӣ ва меъмории Маскав (1889-94), АР Петербург (1894) ва Академияи Ф. Коларосси Порис (1895—1900) таҳсил намудааст. Соли 1897 дар Порис бо О. Роден шинос шуд, ки ӯро устоди воқеии худ мешуморад. Баъди ин шиносоӣ аз сабки «передвижникҳо», ки хосси марҳалаи аввали эҷодиёташ буд, даст мекашад ва осори минбаъдааш зери таъсири импрессионизм рушд мекунад. Намунаи корҳои Анна Голубкина бори нахуст соли 1899 дар толори Баҳории Порис ба комёбӣ расидаанд. Анна Голубкина соли 1901 даромадгоҳи ҷашнии Театри академии бадеии Маскавро ороиш дод. Барои осори Анна Голубкина образҳои ҷомеи рамзӣ («Пирӣ, 1898;» «Туман», 1899; «Раҳнавард», 1903; «Барда», 1909; «Дур аз мусиқӣ ва оташ», 1910; «Дарахти тӯс», 1927), инчунин портретҳои психологӣ, ки дар онҳо хислат, симои эҳсосиву рӯҳии қаҳрамононаш таҷассум ёфтаанд (А. Белий, 1907; Е. Носова, 1912; Л. Н. Толстой, 1927) хос мебошанд.

Анна Голубкина ба корҳои омӯзгорию ҷамъиятӣ низ машғул буд. Узви Комиссияи оид ба ҳифзи ёдгориҳои куҳани ҳунарӣ ва мақомоти Шӯрои Маскав дар мубориза ба зидди бепарасторӣ буд. Соли 1923 китоби «Чанд сухан аз маҳорати ҳайкалтарош»-ро ба нашр расонд.