Анн Ламбтон
Таърихи таваллуд | 8 феврал 1912[1][2] |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 19 июл 2008[3][1][2] (96 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Ҷойҳои кор | |
Алма-матер | |
Ҷоизаҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Анн Котрин Суинфорд Ламбтон (англ. Ann Katharine Swynford Lambton; 8 феврал 1912[1][2], Нюморкет[d], Суффолк[4] — 19 июл 2008[3][1][2], Вулер[d], Шимолу Шарқи Ингилистон[d][4]) — бонуи муаррихи бритониёӣ, ховаршинос, коршиноси таърихи Эрони қуруни вустову забони форсӣ ва пажӯҳишгари барҷаста дар масъалаҳои қавмӣ, фарҳангӣ ва сиёсию иҷтимоии Эрони муосир.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ламбтон Анн Котрин 8 феврали соли 1912 дар шаҳри Норсумберланди Бритониёи Кабир таваллуд шудааст. Ба ташвиқи ховаршинос Дэннис Росс, забони форсиро омӯхт ва соли 1932 дар Кингз Коллеҷ забонҳои арабӣ, олмонӣ ва лотиниро ҳам фаро гирифта, соли 1935 дараҷаи илмӣ дарёфт кард. Соли 1936 ба Эрон омад ва тайи иқомати 13-моҳа дар Теҳрон дониши форсию арабии худро такмил кард ва ба ҷамъоварии истилоҳоти гӯйишӣ, аз ҷумла, бахтёрию исфаҳонӣ пардохта, дар яке аз мактабҳои духтаронаи Исфаҳон омӯзгори фанни таърих ба забони форсӣ шуд. Соли 1939 дар Ландан таҳти унвони "Ташкилоти идории асри Салҷуқӣ"рисолаи докторӣ дифоъ кард ва барои идомаи таҳқиқоти худ ба Эрон бозгашт. Солҳои 1939-45 вобастаи матбуотии сафорати Бритониё дар Теҳрон буд ва соли 1943 дараҷаи «Маъмури олирутбаи Иператории Бритониё» дарёфт кард. Соли 1945 дотсент ва дар соли 1958 донишёри забони форсӣ ва солҳои 1963-79 омӯзгори донишкадаи мутолиоти шарқию африқоии Донишгоҳи Ландан буд. Илова бар форсию арабӣ, ба туркӣ низ такаллум мекард. 19 июни соли 2008 фавтидаст. Ламбтон зиндагии сода дошт ва мазҳабӣ буд ва ҳич гоҳ издивоҷ накард.
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Ламбтон ба сабаби фаъъолийятҳои илмӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар бораи Эрон, чунин имтиёзҳоро ба даст овард: доктори ифтихории Донишгоҳи Ландан (1954), доктори ифтихории Донишгоҳи Дуҳом (1971), Доктори ифтихории Донишгоҳи Кэмбриҷ (1973), дарёфти нишони тилоли Анҷумани Салтанатии Осиё (1991), дарёфти Лавҳаи ифтихор ба муносибати хадамоти барҷаста аз сӯи Анҷумани ховармиёнашиносии Бритониё (1992), узвийяти Фарҳангистони Бритониё (1964), узвияти ифтихории Донишадаи Нйу-Ҳоли Кэмбриҷ (1973), узвияти ифтихории донишкадаи мутолиъоти шарқию африқоии Донишгоҳи Ландан (1973), узвияти пайвастаи Анҷумани ховаршиносииАмрикои Шимолӣ, мудирияти гурӯҳи ховармиёню наздики пажӯҳишгоҳи мутолиоти шарқӣ ва африқоӣ (1972-78) вағ. Ҳамчунин аз ҷониби давлат ба поси хадамоташ ба Бритониё, лақаби «Леди» ба ӯ эъто шуд.
Ламбтон пиромуни забони форсӣ ва таъриху фарҳанги Эрон китобу мақолаҳои зиёде таълиф кардааст. Муҳиммтарин китобҳои ӯ: «Молик ва зореъ дар Эрон» (1952), «Луғатномаи форсӣ» (1953), «Се лаҳҷа аз лаҳҷаҳои эронӣ» (1938), ва «Эрони асри Қоҷор» (1987). Ӯ баъд аз тарки Эрон ду китоб дар бораи ин кишвар — «Анҷуманҳои сиррӣ дар машрутият» (1958) ва «Ислоҳоти арзӣ дар Эрон»[7] ба чоп расонид. Ламбтон барои нигориши ду асараш — «Назария ва амал дар ҳукумати Эрон дар давраи миёна» (1980) ва «Давалат ва ҳукумат дар ислом дар давраи миёна» (1981), ки пас аз бознишастагии ӯ дар соли 1989 мунташир шуд, сазовори унвони «устоди мумтоз» гардид.
Ҳамчунин мақолаҳои сершуморе дар бораи Эрон навишта, дар маҷаллоти мухталиф ба чоп расонидааст, ки муҳиммтарини инҳо: «Се лаҳҷаи маҳаллии эронӣ» (1938), «Шарҳе дар бораи Қум» (1947), «Ду суйурғолии мутааллиқ ба давраи Сафавия» (1950), «Ҷаҳондории Санҷар бино бар шарҳу тафсили „Ъатабат-ул катаба“ (1957), „Ҷомеъаи исломӣ дар Эрон“ (1954), „Андешаҳое дар бораи ойини ҷаҳондорӣ аз назари эрониён“ (1956) ва „Насиҳат-ул-мулук“ ва ойини шаҳрдорию таъсири тамаддуни Ғарб дар Эрон» (1969).
Ӯ дар таълифи китобҳои машҳури инглисии «Таърихи Эрони Кэбриҷ», «Таърихи исломи Кэмбриҷ» ва таълифи мақалоти Донишномаи ислом ва Донишномаи Иронико низ ҳамкорӣ доштааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 Lundy D. R. The Peerage (ингл.)
- ↑ 2.0 2.1 2.2 2.3 AlKindi (онлайн-каталог Доминиканского института востоковедения)
- ↑ 3.0 3.1 http://www.timesonline.co.uk/tol/comment/obituaries/article4379464.ece
- ↑ 4.0 4.1 4.2 4.3 https://www.independent.co.uk/news/obituaries/professor-ann-lambton-persianist-unrivalled-in-the-breadth-of-her-scholarship-whose-association-with-882564.html
- ↑ LIBRIS — National Library of Sweden, 2014.
- ↑ https://www.theguardian.com/education/2008/aug/15/universityteaching
- ↑ » Miss Lambton’s advice Middle East Strategy at Harvard (en-US). 27 Январ 2022 санҷида шуд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ламбтон Анн Котрин Суинфорд / О. Шакурзода // Кашиш — Косон. — Д. : СИЭМТ, 2022. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 10). — ISBN 978-99985-0-006-8.
- دانشنامه زبان و ادب فارسی، جلد پنجم. تهران، ۱۳۹۳ ش.