Ансамбли «Лола»
Ансамбли давлатии рақсии «Лола» ба номи Ғаффор Валаматзода – яке аз дастаҳои ҳунарии тобеи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мебошад. Ансамбли рақсии «Лола» ба номи Ғаффор Валаматзода дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ҷойгир аст.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Ансамбли давлатии рақсии «Лола» ба номи Ғаффор Валаматзода cоли 1965 дар назди Филармонияи давлатии Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Тибқи навиштаи М. Ҷӯрабекова: ансамбли «Лола» аввалин ҳайати эҷодии касбии ҷумҳурӣ мебошад, ки… барномаҳояшро дар асоси фолклор, этнография ва хусусияти рангини урфу одати ноҳияҳои мухталифи ҷумҳурӣ тартибу танзим мекунад. Муассис, роҳбари бадеӣ ва сарбалетмейстери Ансамбли давлатии рақсии «Лола» Ҳунарпешаи халқии ИҶШС Ғаффор Валаматзода (1965-1991) мебошад. Ансамбли «Лола» беш аз 90 наф. ҳунарпешагони ҷавонро муттаҳид менамояд. Малика Қаландарова, Гавҳар Мирҷумаева, Шарофат Рашидова, Ҳалима Эркаева, Х. Боева, А.Аълоев Х. Ҷӯраев, К. Бурҳонов ва дигарон аз ҷумлаи ҳунарпешагони аввалини ансамбл мебошанд. Дар барномаи консертии ансамбли «Лола» ҷои асосиро рақсҳои халқиву классикии тоҷик, инчунин рақсҳои мардуми сермиллати собиқ Шӯравӣ, кишварҳои Шарқи хориҷӣ ва дигар мамлакатҳои дунё ишғол менамоянд. Дар барномаи ин ансамбл алалхусус сюитаҳои «Сайри лола», «Суруди кӯҳсор», «Тӯйи Помир», «Баҳори Тоҷикистон», «Ҳафт пайкар» (намоиши театрии рақсӣ), «Қиссаи Бибизайнаб» ва рақсҳои анъанавии «Синахурӯш», «Чорзарб», «Мор», «Кабӯтар», «Рақси дашнободӣ», «Хушнудӣ» мақоми хос доранд. Ансамбли «Лола» ба ҷумҳуриҳои бародарӣ ва шаҳру деҳоти ҷумҳуриамон сафарҳои ҳунарӣ карда, санъати хореографии тоҷикро намоиш додааст.
Ансамбли «Лола» иштирокчии фестивалҳои «Баҳори Киев», (1971), «Ситораҳои Москва» (1974), «Шероз» (1972), ҳафтаву даҳаҳои маданияти тоҷик дар чандин ҷумҳуриҳои иттифоқӣ мебошад. Ансамбли «Лола» бо барномаи консертӣ ба мамлакатҳои хориҷӣ – Афғонистон (1974), Эрон (1972), Муғулистон (1974), Ҳиндустон, Покистон ва Юнон (1980), РДГ (1982), Шветсия (1983) ва Ангола (1985) сафари ҳунарӣ анҷом додааст. Дар Муғулистон роҳбари бадеии ансамбли «Лола» бо «Ордени Дӯстӣ» ва ҳайати эҷодӣ бо Грамотаи Фахрии Хурали Бузурги Муғулистон сарфароз гардиданд. Ансамбли «Лола» лауреати Конкурси умуиттифоқии рақс (1965), лауреати Фестивали Шероз (1972) ва лауреати Мукофоти комсомоли ленинии ҶШС Тоҷикистон (1972) мебошад».[1] Ҳунарпешагони ансамбли «Лола» бо роҳбарии сарбалетмейстераш Ғ. Валаматзода бо киностудияи «Тоҷикфилм» ҳамкории фаъол доштанд. Дар кинофилмҳои «Бо «Лола» шинос шавед», «Тулуъи Ганг», «Рустам ва Суҳроб», «Достони Сиёвуш» ва ғ. рақсҳои пурмаънову дилчасп таҳия намуданд ҳамчунин филми ҳуҷатии «Меҳмонӣ дар ҳузури ҳамсояҳо», киноҳикоя доир ба сафари ҳунарии А. «Л.» дар Афғонистон филм бардошта шудааст. Иҷрокунандагони бомаҳорат Малика Қаландарова – Ҳунарпешаи халқии ИҶШС, Гавҳар Мирҷумаева ва Шарофат Рашидова – Ҳунарпешагони халқии ҶТ, Ҳалима Эркаева, К. Мирзоева, С. Қурбонова, И. Камолов – Ҳунарпешагони шоистаи ҶТ; солистон: И. Мирзодавлатов, Д. Баубеков, Х. Ҷӯраев, Р. Яваев, Н. Почоев, М. Ниёзов, А. Қодиров, С. Гадоев ва ғ. бо ҳунари волояшон ба ансамбли «Лола» шуҳрати ҷаҳонӣ оварданд.[1] Бо тарзи ансамблӣ (гурӯҳӣ) иҷро намудани шаклҳои калонҳаҷм дар рақси тоҷикӣ падидаи навест. Дар ин самт сюитаҳои рақсии «Лола», «Тӯйи помирӣ», «Баҳори Тоҷикистон», «Ид дар колхоз», «Суруди кӯҳистон», «Сюитаи идона», «Сюитаи ҷавонӣ» мисол шуда метавонанд. Рақсҳои гурӯҳии занона: «Синахурӯш», «Ҷум-ҷаҳала», «Доирабазм», «Чорзарб», «Остин», «Гулҳои Хатлон», «Валси баҳор», «Ҳафт нозанин», инчунин рақсҳои озарӣ, ҳиндӣ, эронӣ, ҷопонӣ дар иҷрои ҳайати занонаи А. зебоиву мавзунияти ҳаракатҳои духтарон, унсурҳои пурмазмунии сужети композитсияи рақсҳои Ансамбли «Лола»ро нишон дода тавонистаанд. Рақсҳои ҳайати мардонаи ансамбли «Лола» «Рақс бо ниҳолча», «Рақс бо таблак», «Рақс бо камар», «Рақс бо қамчин», «Моҳигирӣ» бо истифодаи ҷисмҳо иҷро мешуданд, ки расму русуми тоҷиконро нишон медоданд. Раққосадухтарон дар рақсҳои яккаи «Ҷигарпора», «Най ялласи», «Паррон», «Мори печон», «Гулбозӣ», «Шуғнонидухтар», «Кабутар», «Достони Зайнаббибӣ», «Парвона», «Гулизорам», «Чархи дузону», «Озодӣ» ва ғ. Тасвирҳои ҳархела ба даст меоварданд, гаҳе ҳалиму лирикӣ ва гаҳе пурҷӯшухурӯш, бо маҳорати худ мазмуну мундариҷаи рақсро пурмаъно мекарданд. Рақсҳои мардонаи «Салла», «Кордбозӣ», «Ду қарсак» бо маҳорати баланд, ғурури мардонагӣ ва чусту чолокӣ иҷро мешуданд. Дар соли 1968 ансамбли давлатии рақсии «Л.» ҳамчунин муассисаи алоҳидаи эҷодӣ аз Филармонияи давлатӣ ҷудо шуда, мустақил гашт. Дар барномаи ансамбли «Лола» рақсҳои халқии тоҷикони Хуҷанд, Самарқанду Бухоро, Конибодому Истаравшан, Кӯлобу Дарвоз, Помир ва Қаротегин асоси композитсияи саҳнавиро ташкил медоданд. Дар соли 1974 роҳбари бадеӣ ва сарбалетмейстер Ғ. Валаматзода, роҳбари мусиқӣ Д. Назаров, солистон Ҳ. Эркаева, М. Қаландарова, Х. Боева, Ш. Рашидова бо Ҷоизаи давлатии Тоҷикитсон ба номи Рӯдакӣ сарфароз гардиданд. С. 1980 А. «Л.» бо унвони олӣ – «Коллективи хидматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардид.[1]
Дар солҳои истиқлоли кишвар дар Ансамбли «Лола» якчанд роҳбарони бадеӣ иваз шуданд: Ҳ. Эркаева (1994-1998), Г. Мирҷумаева (1998-2001), С. Қурбонова (2001-2003), Г. Ҳайдарова (2003-2004), А. Мусоев (2004-2007), Ҷ. Охунова (2007-2009), Қ. Холов (2009-2011), С. Файзалиева (2011-2012), Ш. Насриддинов (2012-2014), аз соли 2015 И. Раҷабов роҳбари бадеӣ мебошад. С. 2012 ансамбли «Лола» дар озмуни ҷумҳуриявии ансамблҳои рақсии касбӣ «Ҷило-2012» ғолиб гардид. Худи ҳамон сол 25 нафар раққосони ансамбли «Лола» дар пойтахти Қазоқистон шаҳри Остона дар Форуми байналмалалии «Осиё дар ҷаҳони нав» бо номераҳои консертӣ («Ҳафтранги дӯстӣ», «Гулҳои Тоҷикистон») писанди тамо-шогарон гардиданд. Дар ин давра репертуари А. «Л.»-ро рақсҳои нав пурра сохтанд: сюитаҳои 2, 3 қисмаи «Шуълаи умед», «Ватандорӣ», «Парвози кабӯтарҳо», «Рақси бадахшонӣ», рақсҳои мардонаи «Полкаи хуҷандӣ», «Рақси афсарон», «Наврӯзи сабо», «Баҳори Тоҷикистон» ва ғ. аз қабили онҳоянд.
Дар назди ансамбли «Лола» студияи бачагонаи рақсӣ таъсис ёфта, дар ҳайати он 25 нафар духтару писари сини мактабӣ аз устодон таълим мегиранд. С. 2015 ансамбли «Лола» 50-солагии нахустин барномаи консертии худро бо номераҳои беҳтарини рақсӣ ҷашн гирифт.[1]
Нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С. 26-28 – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2