Jump to content

Ансамбли «Дарё»

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ансамбли давлатии «Дарё» - дастаи ҳунарии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ мебошад. Ансамбли давлатии «Дарё» дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе ҷойгир аст.

Бо мақсади рушди санъати мусиқии мардуми анъанавӣ моҳи майи соли 1989 дар назди Кумитаи телевизион ва радио ансамбли «Дарё» таъсис ёфта буд. Дар муддати 20 – соли фаъолият ин ансамбл таҳти роҳбарии сароянда ва оҳангсози мумтоз Саидқул Билолов воқеан ба рушди санъати мусиқии мардуми тоҷик такони ҷиддӣ бахшида, як зумра сраояндагон ва мутрибони соҳибистеъдодро тарбия кард. Қисми асосии репертуари ансамблро сюитаҳо, сурудҳои якка ва умумӣ дар мавзӯъҳои ватандӯстӣ ваҳдат, худогоҳӣ, сулҳу дӯстӣ (сурудҳои якка «Ватан», «Тоҷикистон», «Душанбе», «Якто», «Суруди садоқат», «Таронаи ваҳдат», «Тоҷикистон – ёдгори оли Сомон», «Тоҷикистон, эй диёри некномон», «Сарзамини камзамини беканор», «Ёди Ватан», «Дидори Ватан», «Давлати ман», «Аспи саманд», «Фасли навбаҳор», «Рӯди Сир», «Фалак», «Ширинлаб», «Гули ҷон», «Во фарёдо», сурудҳои умумӣ «Меҳрнома», «Аз хуни Сиёвушем», «Маъвои Роғун», «Шукӯҳи бахти тоҷикон», «Ориёно», «Оташи меҳр», «Дарахти дӯстӣ», «Минбару тахти ман», «Ғамхори ҳам бошем», «Сайқали дунё», «Шаҳри умед»; сюитаҳо «Асрори ишқ», «Нози чаман», «Гулдастаи наврӯзӣ» ва ғайра) ташкил медиҳад. Инчунин, сарояндагону мутрибони ансамбл Ҳунарпешагони халқии Тоҷикистон Саидқул Билолов, Лола Азизова, Муборакшо Ҷумъаев, Абдулло Султонов, Ҳофизи халқии Тоҷикистон Нигина Рауфова, Ҳунарпешагони шоистаи Тоҷикистон Назриддин Неъматуллоев, Қурбоналӣ Абдуллоев, Муҳаррама Шарипова, Гулбек Саодатов, Нуралӣ Шерматов, Баҳром Қодиров ва сарояндагону мутрибони хушсадо Бунафша Шокирова, Нигина Амонқулова, Насиба Зайниддинова, Зайнура Саидова, Тағоева Сафармо, Хайриддин Саидов ва Тӯраев Маҳмадсаид дар суруду навоҳояшон бузургии модар, ишқи пок ва зебоиҳои диёрро тараннум менамоянд.

Ансабли «Дарё» дар даврони Истиқлолияти давлатӣ дар баргузории қисми фарҳангию фароғатии тамоми чорабиниҳои муҳимми давлатӣ ва байналмилалие, ки дар ҷумҳуриамон ва берун аз он сурат гирифтаанд, саҳму нақши назаррас гузоштаанд. Аз ҷумла, дар рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар ЮНЕСКО дар шаҳри Париж бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон санъати миллии тоҷикро дар сатҳи хеле баланд намоиш доданд. Инчунин, иштироки ансамбли «Дарё» дар рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Ҳиндустон, Чин ва Олмон хеле назаррас аст. Ҳамчунин, ансамбли «Дарё» ҳунару санъати асили миллии тоҷикро дар кишварҳои Белгия, Туркия, Қатар ва Амрико сарбаландона муаррифӣ намудааст. Истеъдод, саҳму заҳмати ҳунарпешагони ансамбли «Дарё» ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Аз ҷумлаи ҳунарпешагони мумтози ин ансамбл ду нафар ба Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ, чор нафар ба унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, 12 нафар ба унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва як нафар бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор дониста шудаанд. Имрӯз ансамбли «Дарё» дар байни тамоми ансамблҳои овозию созии ҷумҳурӣ мақому манзалати хоссаро соҳиб аст. Чандин ҳунармандонро тарбия намуда, ба воя расонидааст, мактаби ҳунарии худро таъсис дод, ки минбаъд низ барои рушду шукуфоии санъати миллӣ саҳми босазо мегузорад. Саҳми ансамбли «Дарё» барои худшиносию худогоҳӣ, ҳисси миллию ваҳдат ва ягонагӣ назаррас ва равшан аст. Дар давоми чандин соля гона ансамблест, ки барои рушду нумӯи санъати миллӣ саҳмо босазо дорад ва дар эҷоду эҷодкорӣ мавқеи арзандаро ишғол мекунад.[1]