Ансамбли рақсии «Зебо»

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Ансамбли рақсии «Зебо»11 майи соли 1979 назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (пештар Телевизион ва радиои давлатии ҶШС Тоҷикистон) таъсис дода шуда буд. Зебо Аминзода, ки дар он вақт вазифаи роҳбари ансамблро ба ӯҳда дошт, дар асоси озмун 25 нафар духтаронро интихоб намуда, баъдан 10 нафар духтарони зебою истеъдодноктарин ба ансамбл қабул шуданд. Минбаъд, якчанд дастаҳои рақсӣ аз хурдсолон ва наврасон ташкил карда шуданд, ки назди ансамбл маҳорати рақсро меомухтанд. Ансамбл тайи якчанд сол на фақат дар Тоҷикистон балки дар ҳудуди собиқ ИҶШС ва берун аз он машҳур гардида, дар бисёр кишварҳои ҷаҳон ҳунарнамоӣ кард. Ансамбли мазкур ҷоизи мукофоти Комсомоли ленинӣ гардида, соли 1986 роҳбари он Зебо Аминзода унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии ИҶШС касб намуд. Соли 2014 Зебо Аминзода боз барои таъсиси ансамбли рақсии «Зебо» ба Душанбе баргаштааст. [1] Ҳоло ӯ дар ш. Хуҷанд ансамбли нави рақсиеро роҳбарӣ карда истодааст. Ансамбли рақсии «Зебо» бошад солҳои 90-ум ба ду гурӯҳи рақсӣ «Зебо» ва Ансамбли рақсии «Ҷаҳоноро» тақсим шудааст, ки ҳар ду дар назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодию консертӣ) ҳунарнамоӣ мекунанд. Солҳои 2000-2002 иштироки ансамбли давлатии рақсии «Зебо» дар фестивали «Баҳори апрел» дар Ҷумҳурии халқӣ-демократии Корея ва Туркия ва дар намоишгоҳи «ЭКСПО-2000» дар шаҳри Гановери Олмон намунаи баланди ин комёбиҳо буд.

Манбаъ[вироиш]

  1. ЗЕБО АМИНЗОДА БА ДУШАНБЕ БАРГАШТ http://khovar.tj/culture/33595-zebo-aminzoda-ba-dushanbe-bargasht.html