Муаззамхон Ансорӣ
Ансорӣ Муаззамхон Қудратзода | |
Таърихи таваллуд | 24 январ 1962 (62 сол) |
Зодгоҳ | Панҷакент |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | филология |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои филология |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Ансорӣ Муаззамхон Қудратзода (24.01.1962, д. Некноти ҷамоати Рӯдакии шаҳри Панҷакент) — омӯзгор, номзади илмҳои филология (2008), профессор (2011), ходими давлатӣ, Профессори фахрии Донишгоҳи Вена (Австрия, аз с. 2009), доктор ва профессори фахрӣ (аз с. 2015), аъзои Шӯрои академияи Донишгоҳи Оксфорди Британияи Кабир (аз с. 2016).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ансорӣ Муаззамхон дар фак. фил. УДТ ба номи В.И. Ленин таҳсил кардааст (1983–88). Фаъолияти кориаш соли 1979 аз коргари хоҷ. давл. «Марғедар»-и шаҳри Панҷакент оғоз ёфтааст. С. 1980 ба Душанбе омада, аввал дар УДТ лабор. ва баъд дар ЭСТ мусаҳҳеҳ шуда кор кардааст (1981–82). Баъди адои хидмати ҳарбӣ дар сафи Арм. Сов. (1982–84) дар нашр. ЭСТ ба кор даромада, муҳаррири шуъбаи адабӣ таъйин шудааст (1984–92). Минбаъд омӯзгор, мудири нашрияи «Иршод»-и Маркази Осиёимиёнагии Донишгоҳи озоди Россия дар шаҳри Панҷакент, муовини ректор оид ба муносибатҳои хориҷии Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент будааст (1998–2007). Аз с. 2007 – ректори Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент[1]
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 2008 дар мавзӯи «Мақоми Файзулло Ансорӣ дар драматургияи тоҷик дар солҳои 50–80-уми асри ХХ» рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст. Дар конф. илмии кишварҳои Австрия, Россия, Укр. Қаз., Англия, Олмон, Фаронса, Чин, Италия, Пок. маърӯза кардааст. Муаллифи 8 китоб, аз ҷумла, «Древний Пенджикент» (бо ҳамкории И. Раҳматуллоев), «Пешвои миллат ва эҳёи фарҳанги миллӣ» (бо ҳамкории Ш. Воҳидов) ва беш аз 1200 мақолаи илмӣ мебошад. Барои китоби Энсиклопедияи миллии тоҷик зиёда аз 300 мақола таълиф намудааст. Бо якчанд Диплому Ифтихорномаи соҳавӣ мукофотонида шудааст. Соҳиби 4 фарзанд.[2]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Асосӣ(тоҷ.). dotpanj.tj. 19 апрели 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 6 марти 2019.
- ↑ Аз асл ба насл. — Душанбе, 2019. — 215 с. (тоҷ.). ISBN 978-99947-958-2-6