Jump to content

Энсиклопедияи советии тоҷик

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз ЭСТ)
8 ҷилди Энсиклопедияи советии тоҷик

Энсиклопедияи советии тоҷик (Энциклопедияи Советии Тоҷик) — нахустин донишномаи универсалӣ ба забони тоҷикӣ (ба алифбои кирилӣ) иборат аз 8 ҷилд.

Энциклопедияи советии тоҷик (ЭСТ) мувофиқи қарори КМ ПК Тоҷикистон ва Совети Вазирони ҶШС Тоҷикистон (3 июни соли 1968, № 198) дар Душанбе солҳои 19781988 аз ҷониби «Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи советии тоҷик» табъу тадвин шудааст. Сармуҳаррири илмии он академик Муҳаммад Осимӣ ва сармуҳаррираш академик Мусо Диноршоев мебошанд.

ЭСТ 8 ҷилд (ҷ.1 — 1978; ҷ. 2 — 1980; ҷ. 3 — 1981; ҷ. 4 — 1983; ҷ. 5 — 1984; ҷ. 6 — 1986; ҷ. 7 — 1987; ҷ. 8 — 1988 бо адади 5 — 10 ҳазор нусха) буда, беш аз 25 ҳазор мақоларо дар бар мегирад. ЭСТ пеш аз ҳама дар асоси принсипҳои Энсиклопедияи Калони Советӣ ва таҷрибаи қомуснигорони ҷумҳуриҳои бародар таҳия шудааст. Қисми асосии мақолаҳои ЭСТ дар бораи Тоҷикистонанд ва дар онҳо таърихи ҷумҳурӣ, география, иқтисодиёт, илму техника, адабиёту санъат, ҳаёт ва фаъолияти ашхоси бузург, ходимони барҷастаи ҷамъият, арбоби илму маърифат, адибон ва санъатварони машҳур, Қаҳрамонони Иттифоқи Советӣ ва Меҳнати Сотсиалистӣ акс ёфтааст. Дар ЭСТ таърихи халқи тоҷик, саҳми он дар таърихи афкори фарҳангӣ ва тамаддуни башарӣ нишон дода шудааст. ЭСТ инчунин хонандагонро бо тараққиёти имрӯзаи илму техника, комёбиҳои ҳаёти моддӣ ва маънавии ҷумҳуриҳои бародари Иттифоқи Советӣ, бо муҳимтарин воқеаҳои ҷаҳон, ҳаракати байналхалқии комунистӣ ва коргарӣ, бо соҳаҳои гуногуни илму маданияти ҷаҳон, намояндагони машҳури он ва ғайра шинос мекунад.

Ҳаҷм ва муҳтавои нашр

[вироиш | вироиши манбаъ]
Ҷилд Унвон Соли

Нашр

Шумораи

саҳифаҳо

Адади

нашр

1 А — Гавҳар Бойгонӣ шудааст 21 марти 2019  сол. 1978 672 22950
2 Гавҳарак — Ирланд(пайванди дастнорас) 1980 640 20000
3 Ирландия — Лениннома 1981 640 20000
4 Лениннома — Муҳит 1983
5 Муҳит — Плеханов 1984
6 Плешко — Сақил 1986
7 Сақофӣ — Ховалинг 1986
8 Ховалинг — Ҷӯяк 1988

Дигар донишномаҳои бузурги шӯравӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
Номи аслӣ Номи тоҷикӣ Шумораи ҷилдҳо Сана
Українська радянська енциклопедія Энсиклопедияи советии Украина 17 1927—1934 ; 1959—1965 ; 1978—1985
Ўзбек совет энциклопедияси Энсиклопедияи советии Ӯзбекистон 14 1971—1980
Հայկական սովետական հանրագիտարան Энсиклопедияи советии Арманистон 13 1974—1987
Беларуская савецкая энцыклапедыя Энсиклопедияи советии Белорусия 12 1969—1975
ქართული საბჭოთა ენციკლოპედია Энсиклопедияи советии Гурҷистон 12 1975—1987
Latvijas padomju enciklopēdija Энсиклопедияи советии Латвия 11 1981—1988
Азәрбајҹан Совет Енсиклопедијасы Энсиклопедияи советии Озарбойҷон 10 1976—1987
Қазақ Кеңес энциклопедиясы Энсиклопедияи советии Қазоқистон 12 1972—1978
Lietuviškoji tarybinė enciklopedija Энсиклопедияи советии Литва 13 1976—1985
Türkmen sowet ensiklopediýasy Энсиклопедияи советии Туркманистон 10 1974—1989
Енчиклопедия советикэ молдовеняскэ Энсиклопедияи советии Молдавия 8 1970—1981
Энциклопедияи советии тоҷик Энсиклопедияи советии тоҷик 8 1978—1988
Eesti nõukogude entsüklopeedia Энсиклопедияи советии Эстония 8 ; 10+5 1968—1976 ; 1985—2006
Кыргыз Совет Энциклопедиясы Энсиклопедияи советии Қирғизистон 6 1976—1980
Сибирская советская энциклопедия Энсиклопедияи советии Сибир 4 1929—1933

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]