Jump to content

Антиклинал

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Антиклинал бо синклинал аз рост

Антиклина́ль ёчини антиклиналӣ (аз юн.-қад. ἀντι- — зид ва κλίνω — хам мекунам) — чини болобарҷастаи қабатҳои ҷинсҳои кӯҳӣ.

Ҷойи хамгашти қабатҳоро маркази антиклинал, тарафҳои онро болҳои антиклинал ва сатҳе, ки ҷойҳои хамгашти ҳамаи қабатҳоро бурида мегузарад, сатҳи меҳварӣ меноманд. Нисбат ба хобиши болҳо ва тамоюли сатҳи меҳварӣ чинҳои антиклинал дар якчанд ҳолат вомехӯранд: рост, каҷ, хуфта, ё сарнагун. Дар нақша тарҳи антиклинал гуногун мешавад: дарозрӯя — агар дарозиаш аз паҳноиаш зиёд бошад; брахиантиклинал — агар дарозиаш аз паҳноиаш зиёд бошад; гунбазшакл — агар дарозию паҳноиаш тақрибан баробар бошад. Антиклинали калон аз чандин антиклиналҳои хурд ва синклиналҳо иборат аст. Одатан, дар маркази антиклинал ҷинсҳои қадимӣ ва дар болҳои он ҷинсҳои ҷавонтар мехобанд. Аксар конҳои газ, нефт ва баъзе маъданҳо дар тоқи чинҳои антиклинал ҷойгир мешаванд. Бисёр кӯҳҳои қисми ҷанубӣ ғарбии Тоҷикистон, инчунин кӯҳҳои Туркистон, Зарафшон, Ҳисор аз чинҳои антиклинал иборатанд.