Антоколский, Павел Григоревич

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Павел Григоревич Антоколский
Санаи таваллуд:

1 (13) июл 1896[1][2]

Зодгоҳ:
Санаи марг:

9 октябр 1978(1978-10-09)[2] (82 сол)

Маҳалли марг:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият:

шоир, тарҷумон, драматург

Забони осор:

фаронсавӣ ва русӣ[2]

Ҷоизаҳо:
ордени Ленин ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ордени «Нишони Фахрӣ» Медали «Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941—1945»
Мукофоти сталинӣ
Имзо:

имзо

Commons-logo.svg Парвандаҳо дар Викианбор

Па́вел Григо́ревич Антоко́лский (19 июл (1 июл) 1896, Санкт-Петербург9 октябри 1978, Маскав) — шоир, тарҷумони рус.

Зиндагинома[вироиш]

Соли 1904 бо оилаашон ба Москва кӯчид. Ба факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Москва дохил шуд (таҳсилро ба охир нарасонд). Асарҳояш аз соли 1918 ба табъ расидаанд. Маҷмӯаи нахустинаш соли 1922 чоп шуд. Солҳои 1919 — 34 дар студияи драмавие, ки ҳунарманди маъруфи рус Е. Б. Вахтангов сарвараш буд ва сипас дар Театри ба номи Е. Б. Вахтангов кор кардааст. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941 — 45) сарвари театри фронтӣ буд. Доираи фаъолияти эҷодии Антоколский чун шоир ва нависанда доманадор ва пурвусъат буд. Ӯ доир ба Франсия, аҳли адаби ин кишвар, доир ба ҳаёту зиндагии мардуми собиқ кишвари шӯравӣ, корнамоиҳои мардуми шӯравӣ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ асарҳои манзуму мансур, шеърҳо, достонҳо ва ғайра офаридааст. Барои достони «Писар» (1943), ки ба писари дар ҷанг қурбоншудааш бахшида шудааст, соли 1946 сазовори Мукофоти давлатии СССР гардид. Антоколский асарҳои Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзодаро ба забони русӣ тарҷума кардааст. Дар матбуоти тоҷик баъзе шеърҳояш ба табъ расидаанд.

Мукофоту орденҳо[вироиш]

Бо орденҳои Ленин ва «Нишони Фахрӣ» сарфароз гардидааст.

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]