Антонин Дворжак
Антонин Дворжак | |
|---|---|
| Дворжак Антонин | |
| | |
| Иттилооти асосӣ | |
| Ном ба ҳангоми таваллуд | чехӣ: Antonín Leopold Dvořák |
| Таърихи таваллуд | 1841 |
| Зодгоҳ | |
| Таърихи даргузашт | 1904 |
| Маҳалли даргузашт | |
| Кишвар | |
| Пеша(ҳо) | композитор |
| Соз | pipe organ[d], фортепиано, скрипка ва алт |
| Сабк | мусиқии килоссик[d] ва опера |
| Ҷоизаҳо | |
| Соядаст | |
| antonin-dvorak.cz(чех.)(англ.) | |
Антонин Дворжак (1841-1904), композитори барҷастаи чех, омӯзгор, дирижёр.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дворжак мусиқачӣ бо қобилияти ҳартарафа, скрипканавози моҳир, алтнавоз, пианинонавоз ва арғунуннавоз буд. Аммо шуғли асосӣ дар ҳаёташ эҷодиёти мусиқӣ боқӣ монд. Дворжак – муаллифи 10 опера, оратория ва кантата, 9 симфония, 5 достони симфонӣ, 6 увертюра, ду силсилаи «Рақсҳои славянӣ» ва асарҳои дигар барои оркестр; консертҳо барои фортепиано, барои скрипка, барои виолончел бо оркестр, асарҳои камеравӣ – созӣ, пиесаҳо барои фортепиано ва ғ. Дворжак — яке аз асосгузорони мусиқии классикии чех, давомдиҳандаи анъанаҳои ватандӯстонаи В. Сметана ва офарандаи симфонияи миллӣ мебошад. Якчанд сол ӯ профессор ва директори Консерваторияи Париж, инчунин директори Консерваторияи миллӣ дар Ню-Йорк буд. Минбаъд на фақат композитор, ҳамчунин ба ҳайси дирижёр, Дворжак тез-тез дар шаҳрҳои гуногуни Аврупо аз асарҳои худаш баромад кардаст (дар с. 1890 дар Маскав ва Петербург сафари ҳунарӣ дошт). Дар асарҳои ӯ – суруд ва рақсҳои фолклории славянӣ асос доранд.[5]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ База данных Национальной библиотеки Чешской Республики
- ↑ Studenti pražských univerzit 1882–1945
- ↑ Archivio Storico Ricordi — 1808.
- ↑ Archiv hl. m. Prahy, Matrika zemřelých u sv. Štěpána, sign. ŠT Z13, s. 172
- ↑ Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.122. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)