Jump to content

Номшиносии инсон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Антропонимика)

Антропони́мика (юн. ἄνθρωπος — инсон ва ὄνομα — ном) — соҳаи ономасиология (то солҳои 60 садаи XX ономастика мегуфтанд), ки маҷмӯи маълумоти антропономӣ, яъне номи хоси одамон (ном, насаб, лақаб, тахаллус, куния, унвонҳои фахрӣ, шаклҳои кӯтоҳшуда), таърихи пайдоиш, таҳаввулот, қонунияту вазоифи онҳоро, меомӯзад.

Ахбореро, ки ном бо худ дорад, аз ҷумла хислату сифатҳои шахс, ба кадом оила, авлод қавм, нажод, миллат, халқият, касбу машғулият, табақа, маҳал ва ғайра мансубият доштани шахсро меомӯзад. Антропонимика барои таҳқиқи таъриху этнография ва фарҳанг маводи пурқимат буда, таҳаввули вазъи сиёсӣ, иҷтимоиву маданӣ, ҷаҳонбинии фалсафӣ, динӣ, маънавию ахлоқӣ, эстетикӣ, шавқу завқ, майлу хоҳиш, тафаккур, эътиқоду меҳру муҳаббати ба ниёгон ва расму оин доштаи мардумро дар худ таҷассум менамояд. Антропонимика метавонад дар аниқ намудани таркиби этникӣ ва кӯчиши аҳолӣ дар давраи гузашта чун манбаи пурқимати таърихӣ хидмат кунад. Аз сохту намуд ва миқдори антропонимҳо дар кадом сатҳ ва чӣ қадар давом кардани муносибатҳои байниҳамдигарии миллатҳоро муайян кардан мумкин аст.

  • Ҳайдарӣ Ш., Андар масоили номшиносӣ// Мақолаҳои номшиносӣ, Пермь, 2001;
  • Ҳайдарӣ Ш., Из истории изучения антропонимии ираноязычных народов, Пермь, 2009.