Тахаллус
Зоҳир
Тахаллус (аз ар. تخلص халос шудан) 1) дар илми бадеи классикии форс-тоҷик як ҷузъи қасидаи мадҳӣ, номи дигари гурез; 2) лақаб ё номи иловагии махсуси шоир дар шеър, ки тадриҷан бо он ном машҳур гардида бошад. Масал, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Дақиқӣ, Кисоӣ, Фаррухӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Бедил ва дигарон. Анъанаи тахаллусгузорӣ дар шеъру адаби муосири тоҷик низ давом дорад (Лоҳутӣ, Пайрав, Деҳотӣ, Шукӯҳӣ, Фарҳат ва дигарон)[1].
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Тоиров У. Энциклопедияи адабиёт ва санъат, ҷилди 3. Душанбе 2004