Jump to content

Антропосотсиология

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Антропосотсиология (аз юн. Ανθρωποςинсон ва сотсиология — иҷтимоиёт) — назарияи иҷтимоие, ки дар асоси таҳрифи маълумоти антропология мақоми иҷтимоии шахсони алоҳида ва гурӯҳҳоро бо аломатҳои анатомию физиологии инсон (ҳаҷму шакли косахонаи сар, қад, ранги мӯй ва ғайра) бевосита алоқаманд менамояд. Антропосотсиология ҳодисаҳои ҷамъиятиро низ дар ҳамин замина таъбир мекунад. Нажодпарастӣ дар муборизаи мафкуравӣ антропосотсиологияро васеъ истифода мебарад.