Jump to content

Антропохория

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Антропохория (юн. ανθρωποςинсон, χωρεωҳаракат мекунам) — аз як ҷо ба ҷойи дигар, ҳатто аз як қитъа ба қитъаи дигар ба воситаи одам паҳн шудани мева ё тухми баъзе рустаниҳо.

Чунин рустаниҳоро антропохорҳо меноманд. Онҳо аксар вақт аз ҳудуди ареали табиии худ берун мебароянд ва ба шароити нав мутобиқ мегарданд. Ба антропохорҳо, одатан, алафҳои бегона ва дигар рустаниҳои ба онҳо шабеҳ мансубанд. Баъзе антропохорҳо барои паҳн гаштани тухмашон мутобиқ шудаанд. Масалан, дони алафҳои бегона, ки бо тухмӣ якҷоя паҳн мешавад, ҳамроҳи ҳамон зироат баробар месабзад ва аз рӯи як қатор аломатҳо ба он монанд низ мебошад. Антропохория тасодуфан (дар натиҷаи ба либос, пойафзор, каланд, бел, замбар ва ғайра часпидан) ё ба воситаи одам (бо мақсади дар дигар ҷой парвариш кардани рустанӣ) ба вуқӯъ меояд.