Аншлиф
Аншлиф (англ. polished section; олмонӣ: Anschliff; фр. section polie; итол. seccion pulida, placa pulimentada) — ҷинсҳои кӯҳии сангушуда, ангишт ё металле, ки як ё якчанд сатҳашон барои тадқиқи микроскопӣ дар рӯшноии инъикосшудаи микроскопи қутбишӣ суфта ё сайқал дода шудааст.
Омӯзиш
[вироиш | вироиши манбаъ]Аншлифро аз резаҳои минерал, ки бо шилм часпонда ва дар қолаби махсус рехта шудааст, низ тайёр мекунанд. Ҷинсҳои сермасома ё ангиштро пеш аз суфта кардан бо қатрон, канифол ва ғ. мечаспонанд. Тадқиқотро дар микроскопҳои махсус, ки дар онҳо аншлиф бо ёрии опак-иллюминатор ба воситаи объектив равшан мегардад, мегузаронанд. Дар аншлиф ранги минерал хуб аён шуда, сахтии он, электрикгузарониаш омӯхта мешаванд; аз рӯи хусусияти инъикоскунии рӯшноӣ анизотропнокии аншлифро муайян мекунанд. Дар сатҳи аншлиф содатарин реаксияҳои химиявиро гузарондан мумкин аст. Бо ёрии аншлиф минералҳо ва пайдарпайии ҷудокунии онҳо, сохти маъданҳоро меомӯзанд.
Ҳамчунин нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Инженерная защита. Библиотека материалов Бойгонӣ шудааст 22 октябри 2016 сол. Глава 2. Отбор образцов
- ЭБ НиГ Аншлиф, страница 4
- МИНОБРНАУКИ РОССИИ «Ухтинский государственный технический университет» Бойгонӣ шудааст 21 Декабри 2016 сол. ИЗГОТОВЛЕНИЕ ПРОЗРАЧНЫХ И ПОЛИРОВАННЫХ ШЛИФОВ
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.