Jump to content

Анҷумани Хоқон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

«Анҷумани Хоқон»тазкираест, ки шоир ва донишманди эронӣ Фозилхони Гаррусӣ мураттаб кардааст.

Шарҳи ҳол ва намунаи ашъори шоирони охири садаи XVIII ва нимаи аввали садаи XIX-и Эронро дар бар мегирад. «Анҷумани хоқон» дар асоси маълумоту санадҳои тазкираи «Анҷуманоро»-и Ахтар Аҳмадбеки Гурҷӣ мураттаб шудааст ва аз чор анҷуман (фасл) ва муқаддимаву хотима иборат аст. Дар муқаддима сабаби таълифи асар шарҳ ёфтаааст. Анҷумани аввал ба зикри зиндагиномаву корнамоиҳои Фатҳалишоҳи Қоҷор (ҳукмронӣ 1797—1834), ки бо тахаллусаш «Хоқон» шеър менавишт, бахшида шуда, намунаи ашъори ӯро дар бар мегирад. Анҷумани дуюм «Дар аҳволу афкори шоҳзодагон ва маъдуде аз бузургони силсилаи Қоҷор» ном дорад. Дар анҷумани сеюм шарҳи ҳоли як қатор намояндагони дарбори Фатҳалишоҳи Қоҷор оварда шудааст. Анҷумани чорум зикри шоирони одӣ (ғайриасилзодагон)-и мамлакат ва аҳволу осори онҳоро фаро мегирад. Хотима «дар аҳволу ашъори муаллиф» мебошад, ки бо тахаллуси «Ровӣ» шеър менавишт.

«Анҷумани хоқон» барои омӯхтани адабиёти охири садаи XVIII — нимаи аввали садаи XIX ва вазъи муҳити адабии дарбор дар он замон сарчашмаи хуб аст.