Анҷуманоро
Унсури холии Викидода |
«Анҷуманоро» — тазкираи шоир ва донишманди гурҷинасаби эронӣ Аҳмадбеки Гурҷӣ (тахаллусаш Ахтар).
Ахтар солҳои 1807 — 16 ба тартиб додани «Анҷуманоро» машғул будааст. Бо вуҷуди ин аз сабаби вафоти ӯ тазкира нотамом монд. Бародари хурдии ӯ Муҳаммад Боқирбек, ки бо тахаллусаш «Нишотии Гурҷӣ» шеър менавишт, ба такмили тазкира пардохт. Вале ӯ ҳам дере нагузашта вафот кард ва шоҳи Эрон Фатҳалишоҳи Қоҷор (ҳукмронӣ 1797—1834) такмили тазкираро ба шоир Фозилхони Гаррусӣ супорид. Фозилхони Гаррусӣ соли 1818 ба ҷойи тазкираи Ахтар ба шоҳ тазкираи худ «Анҷумани Ҳоқон»-ро пеш ниҳод.
«Анҷуманоро» шарҳи ҳолу намунаи ашъори 95 (дар нусхаҳои дигар 127—129) нафар шоири охири садаи XVIII ва нимаи аввали садаи XIX-и Эронро дар бар мегирад. Номи шоирон дар тазкира ба тартиби алифбои форсӣ омадааст. Муаллиф оид ба ҳар шоир маълумоти мухтасари тарҷумаиҳолӣ дода, аз ашъори онҳо намунаҳо овардааст. Маълумоти Ахтар муътамад буда, ба мушоҳидаҳои худи ӯ асос ёфтаанд. Ахтар ҳангоми зикри шарҳи ҳоли шоирон ба дараҷаи донишмандӣ ва аз кадом илмҳои замона баҳравар будани онҳо низ диққат додааст. Ҳамчунин ба касбу кор, устодону шогирдон, вазъи зиндагии шоирон ишораҳо кардааст. Мураттиб дар хусуси арзиши бадеии ашъори шоирон, сабку услуби онҳо, ба кадом навъу шаклҳои шеър рағбат доштану моҳир будани онҳо маълумот додааст. Дар баъзе мавридҳо Ахтар норасоиҳои эҷодии шоирон ва камбудиҳои тазкиранигоронро низ гуфтааст. Нусхаҳои хаттии «Анҷуманоро» дар китобхонаҳои Эрон ва кишварҳои дигар маҳфузанд. Як нусхаи онро донишманди эронӣ Хайёмпур соли 1964 дар Табрез ба табъ расонд. Соли 1968 эроншиноси шӯравӣ Л. Г. Ахмедзянова акси нусхаи хаттии Китобхонаи маҷлиси миллии Теҳронро дар шаҳри Москва чоп намуд.
«Анҷуманоро» сарчашмаи муътамади таърихи адабиёти охири садаи XVIII ва ибтидои садаи XIX-и Эрон буда, барои омӯхтани адабиёти ин давра хеле судманд аст.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Тазкире Ахмада Горджи Ахтара «Анджоманара». Публикация факсимиле текста и исследование Л. Г. Ахмедзяновой, М., 1986;. Хайёмпур, Тазкираи Ахтар, Т., 1342 ҳ. ш.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Анҷуманоро / М. Муллоаҳмадов // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.