Анҷуману-л-удабо
Унсури холии Викидода |
«Анҷуману-л-удабо» — тазкираест, ки Шамсуддин Ҳақиқии Табрезӣ (вафот 1943) ном тазкиранигори эронӣ солҳои 1929 — 1932 тартиб додааст.
Мундариҷа
[вироиш | вироиши манбаъ]Ин тазкира аз 9 ҷилд иборат аст. Шарҳи ҳол ва намунаи ашъори 12 ҳазор шоирро дар бар мегирад. Номи шоирон мутобиқи алифбои арабиасоси форсӣ омадааст. Се ҷилди аввали «Анҷуману-л-удабо» аз ду қисм иборат аст. Дар қисми аввал шарҳи ҳолу намунаи осори 1378 шоир аз оғози шеъри форсӣ то садаи XVIII ҷой гирифтаанд. Дар қисми дуюм, ки аз 2 ҷилд иборат аст, оид ба 629 шоир маълумот дарҷ гардидааст. Қисми сеюми «Анҷуману-л-удабо» шарҳи ҳол ва осори муосирони муаллиф — ибтидои садаи XX-ро дар бар мегирад.
Муаллифи «Анҷуману-л-удабо» ба ҳайси маъхази асараш «Лубобу-л-албоб», «Тазкирату-ш-шуаро»-и Давлатшоҳи Самарқандӣ, «Майхона», «Сарви Озод», «Оташкада», «Маҷмаъу-л-фусаҳо», «Намунаи адабиёти тоҷик» ва ғайраро ном бурдааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Анҷуману-л-удабо / М. Диловаров // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
- Аҳмад Гулчини Маонӣ, Таърихи тазкираҳои форсӣ, ҷ. 1. Т., 1348.