Анӯштегин

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Анӯштегин Ғарча
نوشتکین غرچهNūštekīn Gharcha
1077 — 1097
Ҷонишин Экинчӣ ибни Қучқор

Таваллуд асри XI
Даргузашт 1097(1097)
Фарзандон Қутбуддин Муҳаммад[d]
Эътиқод ислом

Анӯштегин Ғарча (форсӣ: نوشتکین غرچه‎, ? — 1097) — асосгузори сулолаи Хоразмшоҳиён.

Ҳукмронӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Солҳои 1077—1096 хукмронӣ кардааст. Чун дар охирҳои салтанати Маликшоҳи Салҷуқӣ ҳудуди кишварҳои тасарруфнамудаи салҷуқиён хеле вусъат ёфта буд ва подшоҳ наметавонист ба танҳоӣ аз уҳдаи идора намудани он барояд, ҳукмронии иёлот ва вилоёти гуногунро ба дасти шоҳзодагон ва амирон вогузор намуд. Аз ҷумла ҳукмронии сарзамини Хоразмро ба Анӯштегин супурд. Анӯштегин дар Хоразм силсилаи Хоразмшоҳиёнро таъсис намуд ва баъд аз ӯ авлоди Қутбиддин, Алоуддин, Тоҷиддин, Ҷалолуддин, Алоуддин Такеш ва Ҷалолуддин Манкубар ҳукмронӣ кардаанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]