Аппликатсия
Аппликатсия (лот. applicātiō — гузоштан) — яке аз навъҳои гулдӯзӣ, усули сохтан ва часпондани нусхаи гул ё ягон нақш аз пораҳои коғаз, матоъҳои ранга ва дигар масолеҳ дар рӯи чизе; нақш ё сурате, ки бо ҳамин роҳ тайёр карда шудааст.
Аппликатсия яке аз шуғлҳои шавқовар ва ҷолиб мебошад. Ба он ҳам кӯдакон ва ҳам калонсолон машғул шуда метавонанд. Ин ҳунари дастӣ аз замонҳои қадим маълум аст. Одамони қадим кӯшиш мекарданд, ки ба воситаи аппликатсия ашёи рӯзгор ва либоси худро намуди зебо бахшанд. Аппликатсия имрӯз ҳам яке аз ҳунарҳои маъмул мебошад. Барои аппликатсия картон, коғази ғафс, пораҳои матоъҳои гуногун (пахтагин, шоҳӣ, махмал, тасмаҳо), чарм, мӯина, мӯҳраҳои гуногунҳаҷму гуногунранг, чӯбчаҳои ранга ва ғ-ро ба кор мебаранд. Аппликатсияро ба заминаи ашёи асосӣ медӯзанд ва ё ба воситаи ширеш мечаспонанд. Аппликатсия аз рӯи шакл барҷаста ва ҳамвор, аз лиҳози ранг якранга ва бисёрранга, аз ҷиҳати мавзӯъ ашёӣ, ороишӣ ва сужетдор мешавад. Аппликатсияро барои тармим (пӯшондани ҷойҳои фарсуда) ва ороиши либос истифода мебаранд. Ба ҷойҳои дарида ё фарсудашудаи либос аз пораҳои матоъ шаклҳои гуногун бурида медӯзанд ё бо ширеш мечаспонанд. Аппликатсия бахусус дар либосҳои кӯдакона ҳамчун як чузъи ороиш васеъ истифода бурда мешавад. Дар либосҳои кӯдакона ба сифати аппликатсия акси ҳайвоноту парандаҳо, манзараҳо, одамон, махлуқҳои даҳшатангези афсонавӣ, ашё ва нақшунигори гуногун, гулҳои зебо, растаниҳо ва ғайраро ба кор мебаранд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Аппликатсия / Т. Ҷӯраев // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.