Гулдӯзӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гулдӯзӣ (форсӣ: گل‌دوزی‎) — навъи ҳунари ороиши амалии мардумӣ.

Гулдузӣ аз қадимтарин навъи ҳунарҳои мардумӣ буда, бо сӯзан ва чангакҳои махсус дар рӯи матоъҳои гуногун (чарм, намад ва ғ.) бо ресмонҳои пахтагӣ, пашмӣ, абрешимӣ ва нахҳои заррину нуқрагин, инчунин бо сангҳои гаронбаҳо, шадаи майда, муҳраҳои реза, пулакчаҳои рахшон, тангаҳо, марҷону марворидҳо дастӣ иҷро карда мешавад. Ҳоло аксаран бо мошинаҳои дарздӯзии махсуси гулдӯзӣ попур мезананд.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Таърихи гулдузӣ аз асри санг оғоз ёфтааст: пайдоиши кӯк дар либосҳои аз пӯсти ҳайвонот дӯхташуда, такомули он ҳангоми гузариш ба сӯзанҳои устухониву биринҷӣ ва сипас пӯлодӣ, ҳамчунин ба вуҷуд омадан ва равнақу такомули касби бофандагиву рангмолӣ аз инкишофи тадриҷии ин ҳунар шаҳодат медиҳанд. Мувофиқи маълумоти маъхазҳои адабию таърихӣ ва ҳафриёти бостоншиносӣ гулдузӣ аз ҳунарҳои нафис ва такмилёфтаи ҳунари қадимӣ буда, ҳар миллату халқият ва ҳар қавм сабки хосси худро дошт, ки намунаҳои нодири он то ба рӯзгори мо расидаанд. Ҳунари гулдузии Бобилу Византия, Юнону Руми Қадим, Миср, Ҷопон, Хитой, Эрон, Фаронса, Испониё, Ҳиндустон бо тасвири нафиси саҳнаҳои асотириву воқеӣ — базму разм, сайру шикор, манзараҳои табиат маълуму машҳуранд.

Намунаи қадимтарини гулдузии мардуми Осиёи Марказӣ порчаҳои матоъи пашмини гулдузишудаи сужетдоре мебошанд, ки бостоншиносон ҳангоми ҳафриёти солҳои 1924-1925 аз Нойин-ула (асри 1 то м., ҳоло дар Эрмитажи Санкт-Петербург маҳфуз аст) пайдо кардаанд. Ин порчаҳо қисми пардаи бузурги арғавонӣ будаанд, ки бо услуби юрмадӯзӣ ороиш ёфта, бо нақшҳои суроби инсон, нақшҳои ҳандасӣ (лавз, салиб, чоргӯша), табиат ва аксҳои ҳайвоноту парандаҳо гулдузӣ шудаанд. Тасвироти рӯи порчаҳо аз камоли ҳунари гулдузии он давра шаҳодат медиҳанд. гулдузии Руси Қадим, ки аз асри 12 маълум аст (таҷҳизоти калисо, сарулибоси рӯҳониён, дасторхон, рӯйҷо ва амсоли инҳо), ба анъанаҳои уқнуманигории византиягӣ алоқаманд буда, рангубори ғанӣ ва маводди истифодашуда (нахҳои заррину нуқрагин, замини абрешимӣ, марвориду фирӯза ва пулакчадор) фарқ мекард. Ҳунармандони зардӯзи Хитой махсусан дар «сюхуа» (нигориш бо сӯзан, ки аз асри 14 шурӯъ мешавад) моҳир буданд, ки услубан ба манзаранигории Чин (офаридани манзара дар рӯи матоъи навъи шоҳӣ бо туш) наздик аст. Дар давраи Эҳё гулдузӣ аз нигоҳи усулу воситаҳои офариниш ва бадеият ба авҷи аъло расид. Барои гулдузӣ гардаҳои (қолаб) картониву коғазии махсусро ҳатто рассомони машҳур Перучино, Боттичелли ва дигарон тайёр мекарданд.

Дар давраи барокко ва класситсизм намунаҳои беҳтарини гулдузии сужетдор ба вуҷуд омадаанд. Онҳо асосан ба нусхабардории асарҳои маъмули ҳунари рассомӣ асос меёфтаанд ва майлонҳои эҷодкорӣ дар асарҳои ин давр маҳдуд буданд. Аз нимаи дуввуми асри 19 баъди ихтироъ гардидани мошинаи дарздӯзии махсус гулдузии дастӣ тадриҷан рӯ ба завол ниҳод. Лекин дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва дигар мамлакатҳои сотсиалистӣ, ки ба ҳунари мардумӣ эътибори ҷиддӣ дода мешуд, аз ҷумла гулдузӣ ривоҷу равнақ ёфт ва беҳтарин намунаи он дар осорхонаҳо, намоишгоҳҳои умумӣ ва дигар биноҳои ҷамъиятиву маъмурӣ чун ашёи ороишу намунаи ҳунари дастии мардум нигоҳ дошта мешуданд. Баробари ин гулдузии мошинавӣ низ рӯзафзун такомул ёфт.

Ҳунари гулдӯзӣ дар Осиёи Марказӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳунари гулдузии мардумони Осиёи Марказӣ ҳар яке бо сабку услуби хос инкишофу таҳаввул ёфтааст. Чунки дар давоми асрҳои тӯлонӣ дӯхту ороиши либос, ҷиҳози иқоматгоҳ, асбобу анҷоми рӯзгор — аз бисоти тифл то ҷиҳози арӯсӣ дар худи хонадон анҷом дода мешуд. Аз осори бадеӣ-таърихӣ (Авесто, «Шоҳнома» ва ғ.) ва ҳафриёти Варахша, Панҷакенти Қадим, Балаликтеппа, Шаҳристон, Тӯпроққалъа бармеояд, ки ҳунари гулдузии мардуми тоҷик ба авҷи такомул расида, сабку услуби хосси миллиаш аз қадим маълуму машҳур будааст. Хусусан дар асрҳои 14-15 дар Самарқанд ин навъи ҳунари ороиши амалӣ бештар рушд намудааст, ки аз навиштаҷоти сайёҳи испониёӣ Рюи Гонзалес де Клавихо (тавсифи зани аввали Темур) пайдост. Ӯ ҳамчунин дар бораи пардаву рӯймолҳои гулдӯзӣ ва зардӯзишудаи ниҳоят зебову ҷолиб маълумот медиҳад. Асарҳои мактабҳои минётури Мовароуннаҳр, Табрез, Ҳирот, Темуриёни Ҳинд ва Бухорову Самарқанд аз рушди ин навъи санъат шаҳодат медиҳанд. Тасвири манзараҳои марғуб, хаймаҳои музайяну мунаққаш, сарулибоси аҳли ҷоҳ, чатрҳо, зинпӯшҳои гулдӯзиву зардӯзӣ дар минётураҳо инъикоси равнақи ин санъатанд. Чун ҳунари гулдузиро ҳар як зани тоҷик хуб медонист ва услубу сабки худро дошт, ин ҳунар дар давоми асрҳо тағйир ёфт. Як қисм ашёи рӯзгори гулдузишуда ба сабаби аз корбурд баромаданаш нақши гулдӯзии хешро низ бо худ бурд ва дар баробари ин боз нақшҳои наву услубу сабкҳои тоза ба вуҷуд омаданд. Аз қадим боз зиёда аз 700 нақши гулдузӣ маълум аст, ки намунаҳои беҳтарину маъмултаринашон инҳоянд: аноргул, аштак, барги бед, бодом, гулгулак, ислимӣ, каҷак, лола, маҷнунбед, райҳон, себарга, тоҷи хурӯс, аждаҳо, булбул, гургурак, думи товус, мори печон, нохуни паланг, пойи каргас, парпар, чанги гунҷишк, оташ, ҳилол, ҳашттарк, гулбаст, моҳу ситора ва амсоли инҳо. Тадриҷан вобаста ба тарзи зиндагӣ, шароити маҳал ва урфу одати мардуми ин мавзеъ навъи ҳунари ороиши амалӣ низ дар ҳар маҳал равияи хос пайдо мекунад.

Ҳунари гулдузии тоҷикон[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳунари гулдузии тоҷик мутобиқи таҳаввули таърихӣ ва вобаста ба тарзу тариқаи зисту шароити иқлими маҳал аслан ба ду навъ — гулдузии тоҷикони кӯҳистон ва гулдузии тоҷикони водинишин таснифбандӣ шудааст. Мардуми кӯҳистон бештар либос, аз ҷумла пироҳан, хилъат, камзӯлҳои атфол, воскатҳои занона, миёнбанд, локӣ, тоқӣ ва қисман гаҳворапӯш, даври ҷилди болишт, оинахалта, пардаҳои тиреза, чодари арӯсӣ, чойникпӯш, рӯйҷо ва ғ.-ро гулдузӣ мекарданд. Самарқанду Бухоро, Хуҷанду Истаравшан, Панҷакенту Конибодом, Исфараву Ашт, Шаҳритус марказҳои асосии гулдузии ҷиҳози хона (намояҳо, сӯзанӣ, борпӯш, зардевор, ҷойнамоз, қарс, рӯйҷо, рӯймол, тоқӣ, тӯппӣ, болишт, рӯболишт, ҷогаҳпӯш, пардаи тиреза, пардаи таҳмон) буданд ва ин анъана то ба ҳол идома дорад.

Асбобҳои асосии гулдузии дастӣ сӯзан, чангак, дарафшак, ангуштпона, миқроз (қайчӣ), чанбарак, қасқон ва чорчӯб мебошанд. Чанбаракро аз чӯб доирашакл ва чоркунҷа месозанд. Пеш аз сар кардани гулдузӣ вобаста ба ғафсию тунукии матоъ, чарм ва хусусияти гулдузӣ ресмону сӯзанро интихоб мекунанд. Дарафши гулдузӣ дар нӯгаш чангак дорад, дастааш чӯбин аст. Барои дар чарм ё картон гул дӯхтан аз дарафши нӯгтез истифода мебаранд; бо он чарму картонро сӯрох мекунанд, то ки сӯзан ба осонӣ гузарад. Ҳоло аксаран ин амалро мошинаҳои дарздӯзии махсуси попурзанӣ иҷро мекунанд. гулдузӣ аслан шуғли хонагӣ буда, барои ороиши сарулибос, иқоматгоҳ, ҷиҳози хона (сӯзанӣ, борпӯш, рӯйҷо, қарс ва ғ.), ашёи шахсӣ (дастмол, миёнбанд, ҷузвдон, тамокудон ва ғ.) ва дигар васоили зиндагӣ истифода мешавад. Ҳангоми гулдузӣ ҳар гуна андозаи нақшҳоро истифода мебаранд. Агар андозаи нақш ба ҳаҷми кашида мувофиқат накунад, нақшро калону хурд кардан мумкин аст. Усулҳои гуногуни ба рӯи матоъ гузаронидани нақш мавҷуданд: 1) нақши дар рӯи коғаз кашидашудаи гулро бо сӯзан якмаром сӯрох мекунанд. Баъд андозаро ба рӯи матоъ гузошта, вобаста ба ранги матоъ гарди хок, ангишт, хишт ё бӯр мепошанд; 2) аз коғази шаффофи нусхабардор истифода мебаранд; 3) андозаро ба рӯи моҳут, махмал ва шоҳии ҷилодор монда, аз болои нақш кӯк мекунанд, баъд коғазро боэҳтиёт даронда мегиранд, дар ин ҳолат нақши гул боқӣ мемонад; барои ба матоъҳои тунуки сафед гузаронидани нақш андозаро ба рӯйи шиша монда, аз болояш матоъро мепӯшонанд ва аз таги шиша чароғро дошта, аз рӯи нақши равшаншуда қалами сиёҳ медавонанд.

Дар вақти гулдузӣ ҳеч гоҳ нӯги ресмонро гиреҳ намекунанд. Пеш аз оғози кор риштаро бо чунин усул дар матоъ пайванд менамоянд: 1) ҷоеро, ки оянда бо гулдузӣ пӯшида мешавад, якчанд кӯки майда мекунанд; 2) як кӯки калон гирифта, онро то охир аз матоъ кашида намегиранду нӯги риштаи мондаро бо кӯки дуввум мепӯшонанд ва минбаъд дар ин ҷо гул медӯзанд. Корро ба охир расонда, риштаро бо кӯкҳои майда ба таги нақш мегузоранд; 3) ресмонро дуқат карда, нӯкҳои онро аз сӯзан мегузаронанд ва сӯзанро аз тарафи чаппаи матоъ ба тарафи рост мебароранд. Умуман ду навъи гулдузии дастӣ маъмул аст: 1) тору пуди матоъро ҳисоб карда дӯхтани кашида; 2) ба матоъ нақш кашида, бо кӯки озод кашидадӯзӣ кардани он. Навъи якумро дар матоъҳое медӯзанд, ки торҳои ресмони онҳо якдигарро бурида гузаштаанд (суф, матоъҳои дурушти дастӣ), чунки ресмонҳои ин гуна матоъҳоро ҳисоб кардан осон аст. Гули ин гуна кашидаҳо аз нақшҳои ҳандасӣ (хатҳои рости дарозу кӯтоҳ) иборат аст. Аммо кашидаи озодро дар ҳама гуна матоъ дӯхтан мумкин аст.

Дар гулдузӣ аз кӯку чокҳои гуногун истифода мебаранд. Яке аз маъмултарин чокҳои гулдузӣ ироқӣ мебошад. гулдузии ироқӣ ду навъ мешавад ва он аз қатори салибҳои яклухт ва нима иборат аст. Навъҳои ин дӯхт бо номи ироқии чида ва ироқӣ маълуманд. Ироқии чида аз хатчаҳои уреби ҳамдигарро кӯндаланг бурида иборат буда, одатан, аз поин ба боло дӯхта мешавад. Ироқии чида низ ду навъ мешавад: 1) санама (ё ироқии чидаи санама). Ин чок дар тӯр ё матоъҳое, ки тору пуди онҳо кашида тӯрмонанд карда шудаанд, дӯхта мешавад, дар аснои дӯхт хатчаҳои буришдорро ҳисоб карда гул медӯзанд; 2) ироқии нақшин (ё ироқии чидаи нақшин), ки аз рӯи нақшу гули дар рӯи матоъ кашидашуда дӯхта мешавад. Навъи дигари гулдузӣ юрма мебошад, ки бо ёрии чангак ё сӯзан дӯхта мешавад. Дар ин навъи гулдузӣ дар тарафи рости матоъ занҷири ҳалқаҳо ва дар тарафи чапи он хатҳои рост ҳосил мешаванд. Кашидадӯз юрмаро ба воситаи дарафши чангакдор аз поин ба боло медӯзад. Дар мавридҳои ба ҷои дарафш истифода бурдани сӯзан нақш аз боло ба поён дӯхта мешавад. Ҷиҳак, ҳошияҳо, чизҳои ороишӣ, баъзе қисмҳои кашидаҳои калон юрмадӯзӣ карда мешаванд. Чоки босмаро аз болои ресмони рост кашида ё хобида медӯзанд, рӯи матоъ тамоман пӯшида мешавад. Яке аз навъҳои дӯхти босма «кандахаёл» ном дорад. Дар дӯхти кандахаёл ҳам нах рост ё кӯндаланг гирифта мешавад. Ин тарзи дӯхт ду навъ дорад. Дар тарзи якум кӯкҳое, ки аз болои нах партофта мешаванд, ба шакли уреб рӯи ҳам меафтанд. Пас аз тайёр шуданаш сабади бофтаро ба хотир меорад. Ҳангоми тарзи дуввуми дӯхт кашидадӯз аввал қатори якумро ба тарзи якум дӯхта, дар аснои дӯхтани қатори дуввум аз қисми поёни қатори дуввум гирифта медӯзад, ҳамин тавр кӯкҳои болои нах морпеч мешаванд. Чоки чидахаёл ё дурӯя бо сӯзан ба як меъёр дӯхта мешавад. Аввал рӯи матоъро дӯхта, баъд онро чаппа гардонда ҳамин тарзи дӯхтанро давом медиҳанд. Дар натиҷа дар ҳар ду тараф як хел гул ба вуҷуд меояд. Аз ин чок барои оро додани дастмол, рӯймол ва ғ. истифода мебаранд. Бахя аз қадим дастӣ иҷро карда мешуд, ҳоло онро аксаран бо мошина медӯзанд. Бахяро барои мустаҳкам кардани канорҳои кашида истифода мебаранд. Аввал лаби матоъро як бор дӯхта, пас тарафи дигари онро гардонда боз медӯзанд. Дар натиҷа нақш ҳосил мешавад. Чоки бахя аз ду қатор ё аз қаторҳои ба ҳамдигар пайваст иборат аст.

Нақшҳои гулдузишудаи ҳар як ашё хусусияти хос дошта, вобаста ба таъйиноти худ фарқ мекунанд. Махсусан нақшунигори куртаҳои занонаи Кӯлоб, Қаротегин, Дарвоз ва Бадахшон хеле ҷолиб буда, услуби худро доранд. Қисми пешрӯи курта аз сари китфон то лаби доман ва остинҳо гулдузӣ мешаванд. Гоҳе камзулчаи пушти пироҳан ва ду тарафро низ гулдузӣ мекунанд. Бари доман ва шерозаи остинҳову ҳошияи гиребон тасмашакл бо нақшҳову ашколи мутаносиби реза гулдузӣ мешаванд. Аксаран барои ороиши ин қисми пироҳан нақшҳои табиӣ ё ҳандасиро ба кор мебаранд. Чунин пироҳанҳои занона хосси мардуми Кӯлобу Қаротегинанд.

Аз камолоти ин навъи ҳунари ороишиву амалӣ дар кӯҳистони Бадахшон коллексияи охири асри 19 ва аввали асри 20-и А. А. Бобринской шаҳодат медиҳад. Дар минтақаи Кӯлоб навъе аз кашидадӯзӣ бо номи «чакан» маъмул аст. Кашидадӯзони ин минтақа болои шоҳии сафед, сурх, сабз, зард, сатини сурх, сабз ва сафедро бо риштаҳои рангин гулдузӣ мекунанд. Дар замонҳои қадим барои чакандӯзӣ карбосро истифода мебурдаанд. Солҳои 70 асри 20 дар ноҳияи Фархор дар қабристони замони Кушониён аз қабри духтарчаи 6-7-сола камзӯлчаи беостини карбосӣ ёфт шуд, ки дар тахтапушташ бо симҳои нуқрагин дарахти ҳаёт ва дар шохаҳои дарахт ду булбул гулдузӣ шуда будаанд. Нақшҳои чакан мавзӯъҳои ҷудогонаро дар бар мегирифтанд ва бештар хусусияти динӣ доштанд: офтоб, моҳ, ситораҳо, оташ, одам, ҷонварону рустаниҳои муқаддас ва ғ. Дар замони ислом тасвири ҷонварон ва одам манъ гашт, аммо нақшҳои салиби шикаста, оташ, офтоб, рустаниҳо барҷо монданд ва бо гузашти айём моҳияти динии худро гум карда, ба нақшҳои беном табдил ёфтанд. Дар чакандӯзӣ нақши себарга мавқеи асосиро ишғол намуда, бо он шероза, поҷома ва остинро ороиш медиҳанд. Аз нақши рустании ҳамешасабз (рустании пиёзакбехи баргҳояш мисли себарга) дар чакандӯзӣ барои ороиши рӯйҷои арӯсӣ, хона, зардеворӣ истифода мебаранд. Яке аз нақшҳои маъмули дигар дар чакандӯзӣ нақши забонаи оташ мебошад, ки бо риштаҳои сурху зард дӯхта мешавад. Ин нақшро пеш аз ислом чун рамзи ҳаёт ва нур дар китфи фариштагон, шоҳон ва ашхоси соҳибмақом тасвир мекарданд. Имрӯз дар чакандӯзӣ нақшҳои косагул, гули анор, барги бед (маҷнунбед), бодомак (бодомча), ислимӣ, каҷак, лола, райҳон, тоҷи хурӯс, булбул, думи товус, мори печон, моҳу ситора, пои гунҷишк ва ғ. истифода мешаванд.

Рӯймоли гулдӯзӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Рӯймоли гулдӯзишуда, ки мардуми кӯҳистон «миёнбанд», «рӯймоли миён», гоҳо "локӣ ва баъзан «миенд» (андозаи 90х90 см ё 110х110 см) меноманд, аз матоъи пахтагин ё абрешимини рангаш гуногун таҳия мешавад. Асоси гулдузӣ давродаври рӯймол сурат гирифта, бари онро нақшҳои ҳандасиву катибашакл ва табиии резаандоза зинат мебахшанд. Дар марказ гоҳе гули калонҳаҷми даврашакли баробарандоза дӯхта мешавад. Ба лаболаб ё худ бари рӯймол шилшилаҳои пулакчадор илова мекунанд. Ҳамчунин навъи дигари рӯймоли гулдузӣ уребча ё рӯймоли дока ном дошта, онро занон мебанданд. Тарзи дӯхти ин навъи рӯймол низ ҳамранги рӯймоли мардона аст, вале нақшҳояш хусусияти хос дошта, аз аввалӣ фарқ мекунанд. Уребча танҳо аз докаи сафед дӯхта мешавад ва махсусан канораҳои он бо ҳунармандии махсус ва зарофати устодона бо истифодаи нахҳои сиёҳ, ки болои ранги сафеди дока ҷилои хос медиҳанд, оро дода мешаванд. Ҳатто гоҳе аз нахҳои зардӯзӣ низ истифода мекунанд, ки он уребчаро боз ҳам зеботар месозад.

Тоқии гулдӯзӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Маъмултарин ҷузви либоси тоҷикӣ тоқист, ки дар байни мардуми кӯҳистон ва водӣ бо баъзе тафовутҳо паҳн гардидааст. Тоқии мардуми кӯҳистон аслан шакли гирда дорад. Қисми болои тоқӣ гулдузӣ шуда, ба канораи қисми бараш шероз мечаспонанд ва ҳошияи он гулдузӣ мешавад. Дар гулдузии ин навъи тоқиҳо бештар нақшҳои ҳандасӣ ва баъзан нақшҳои табиии гулнусха ё баргнусха ба кор мераванд. Ин тоқиҳо рангоранги музайян буда, аз як паҳлу пӯпакдор низ мешаванд. Вале баробари тоқии гирда дар байни мардуми кӯҳистон тоқии чортарк низ маъмул аст, ки ба тақлиди тӯппии чустӣ ва ироқӣ дӯхта мешавад. Машҳуртарин тӯппиҳои тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон тӯппиҳои сиёҳсафеди «чустӣ» (мавзеъ дар водии Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон) мебошанд, ки зимнан нақшҳои анъанавии «бодом» ё «қаламфур» доранд ва ин нақшҳо яктоӣ рӯи чаҳортарк ба нахи сафед ё мӯина гулдузӣ мешаванд.

Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон тӯппиҳои чаҳортарки сатҳаш ҳамвор «ироқӣ» (аҳёнан қатшаванда), ки аслан хосси занҳоянд, васеъ паҳн гардидаанд. Дар гулдузии чунин тӯппиҳо аксаран нақшҳои табиӣ (акси гул, барги гул ё дигар наботот) ва ҳандасӣ (салиб, чоркалид, ислимӣ ва ғ.) ба кор мераванд. Технологияи гулдузии ин навъи тӯппиҳо чунин аст: замини умумии тӯппӣ саросар бо риштаи сафед ё сабз дӯхта мешавад ва сипас дар ҳар тарк нақшҳо ба таври муназзам гулдузӣ мешаванд ва қисми аввал ё охири нақш то паҳлуи тӯппӣ, ки бо тасмачаи бахмалии зебо оро ёфтааст, мерасад. Беҳтарин тӯппиҳои ироқӣ дар Хуҷанду Истаравшан гулдузӣ мешаванд. Дар Тоҷикистон боз як навъи тӯппии дигари занона маъмул аст, ки нақшҳои мураккабе дошта, ороиши он ба сабки зардӯзӣ сурат гирифтааст (нигар низ Зардӯзӣ).

Дар аксари ноҳияҳои ҷумҳурӣ боз як ҷузъи либос — шероз маъмулу машҳур аст, ки бо нақшҳо ва мавриди истифодаи худ дар ҳунари гулдузӣ мавқеи хос дорад. Шероз (ҷиҳак) вобаста ба таъйинот, дарозиву бар ва нақшунигораш фарқ мекунад. Онро, маъмулан, барои ороиши доман, гиребон ва лаби сарулибоси занонаву мардона, тоқӣ, ҷиҳози рӯзгор (чойхалта, оинахалта, шонадон ва ғ.) истифода мебаранд. Замини шерозаро аввал дар дастгоҳи махсус аз риштаи сафед ё сиёҳ мебофанд ё замини онро аз матоъи дурушти мустаҳкам таҳия мекунанд. Сипас онро бо чангак (сих) ё сӯзан гулдузӣ менамоянд. Дар гулдузии шероз анъанаҳои қадими нақшҳои мураккаби ҳандасӣ, аз қабили тӯмор, шона, ислимӣ ва ғ. нигоҳ дошта шуда, нақшҳо ба мазмун мутобиқанд.

Сӯзанӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Маъмултарин ҷиҳози гулдӯзишудаи тоҷикон сӯзанист, ки тақр. дар ҳар хонавода мавҷуд мебошад. Он аз ҷиҳати шаклу андоза (2х3, 3х4, 4х5) нисбатан бузургтар буда, нақшҳояш низ хусусияти хос ва андозаи мухталиф доранд. Сӯзаниҳои тоҷикон вобаста ба тарзу тариқаи зиндагӣ ва мавқеи зист (Самарқанд, Бухоро, Истаравшан, Конибодом, Кӯлоб, Панҷакент, Шаҳритус, ВМКБ) фарқ мекунанд. Сӯзаниҳои Истаравшан гирдагулҳои бузург, рангҳои назаррабо, сӯзаниҳои Самарқанд нақшҳои қадимии пурмазмун (бештар бо нахи шоҳӣ дӯхта мешуданд), сӯзаниҳои Бухоро рангомезии хос (истифодаи омехтаи нахҳои ранги хокистарӣ бо кабуд, арғавонӣ бо бунафш, зарди паст бо норинҷӣ), сӯзаниҳои Кӯлобу Шаҳритус нақшунигори муҷаллои табиӣ (қисман ҳандасӣ) ва мутаносибу мувофиқ доранд (нигар низ Сӯзанӣ).

Ба ҳамин тартиб болиштҳо, борпӯш, рӯйҷо ва ҷойнамоз (1,5х 1 м, 1,7х1,2м) гулдузӣ мешаванд, ки бештар дорои нақшҳои ҳандасианд ва ин нақшҳо аксаран шакли меҳробӣ доранд. Ҳамчунин аксҳои гуногун, ки ҷойнамозро оро медиҳанд, аз намунаҳои ҳунари гулдузӣ мебошанд. гулдузӣ маҳсули кори ҳунармандони мардумӣ буда, чун воситаи муҳимми зебопарастию ороиш ба зиндагӣ ва завқи бадеии мардум робитаи амиқ дорад.

Омӯзиши ҳунари гулдӯзӣ дар Тоҷикистон[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар сарзамини тоҷикон то соли 1917 гулдузӣ асосан ҳунари дастии аҷдодӣ буд ва пас аз он бо таъсиси омӯзишгоҳҳои рассомию бадеӣ, иттифоқҳои эҷодӣ, фонди бадеӣ, корхонаву иттиҳодияҳои ҳунарӣ технологияи гулдузӣ зимни талаботи рӯзафзун ва муттаҳид кардани ҳунармандон тағйиру такмил ёфта, мошинаҳои дарздӯзӣ ва гулдузӣ афзалият пайдо карданд. ҳунари гулдузии тоҷик пайваста инкишоф ёфта, амали гулдузӣ дар намоишгоҳҳои ҷумҳуриявӣ, умумииттифоқӣ ва байналхалқӣ баҳои баланд гирифтааст. Иттиҳодияи корхонаҳои дӯзандагии бадеии «Гулдаст», ф-каи «Дилором», хонаҳои хидмати маишӣ, корхонаҳои назди фонди бадеӣ чеварон, гулдӯзон ва рассомони ин соҳаро муттаҳид карда, дар пешрафту ғанитар гаштани гулдузӣ ҳиссаи арзанда гузоштанд. Махсусан Осорхонаи мардумшиносии Институти таърих, мардумшиносӣ ва бостоншиносии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ҷамъ овардану намоиш додани ҳунарҳои ҳунари ороиши амалӣ дар омӯхтан ва тарғибу ташвиқ намудани ҳунари гулдузии тоҷик нақши умда дорад. Ҳунармандони имрӯза анъанаҳои ҳунари гулдузии қадимиро идома дода, нусхаҳои наву замонавии гулдузиро (ситораи панҷгӯша, нишон, досу болға, пахта, чеҳраҳои шахсони бузурги таърихӣ ва ғ.) эҷод кардаанд, ки технологияи махсуси ороиш ва бандубасти мураккаб доранд. Маҳсули меҳнати ҳунармандони машҳури ҳунари гулдузии Тоҷикистон З. Баҳриддинова, К. Ғаюров, А. Аминҷонов, С. Фузайлова, Б. Тошматова, О. Зокирова, З. Валиева ва дигарон борҳо дар намоишгоҳҳои умумииттифоқӣ ва байналхалқӣ намоиш дода шуда, баҳои баланд гирифтаанд.

Коллексияи пурбори тоҷикӣ, ки дар Осорхонаи этнографии Институти таърих, мардумшиносӣ ва бостоншиносии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон, осорхонаҳои вилоятӣ ва гӯшаҳои кишваршиносӣ маҳфузанд, аз ривоҷу равнақу ҳунари гулдузии тоҷик шаҳодат медиҳанд. Маҳсули дасти ҳунармандони мардумӣ ва коргоҳи ҳунарҳои мардумии «Гулдаст» дар намоишгоҳҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ба намоиш гузошта мешаванд. Маҳсули дастони гулдӯзони тоҷик сазовори ҷоизаву ифтихорномаҳо гардидаанд. Барои тавсеа ва рушди суннатҳои дерини ҳунари гулдузии тоҷик коргоҳҳои ғайридавлатӣ низ таъсис ёфта, фаъолият доранд (корпоратсияи «Чакан», ш. Кӯлоб). Барои нигаҳдошту рушди ҳунари гулдузӣ дар Тоҷикистон ҷашнвораҳои «Таронаи чакан», «Чакомаи гесӯ» баргузор мегарданд, ки дар онҳо намунаҳои беҳтарини корҳои ҳунарии гулдӯзони ҳирфаию ғайриҳирфаӣ ба тамошои умум гузошта мешаванд. Маҳсули гулдузии мардумӣ дар дохили кишвар ва берун аз он харидорони зиёде доранд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Белинская Н. Декоративное искусство горного Таджикистана (текстиль). Д., 1965, Широкова Е. З. Одежда таджиков. Д., 1969;
  • Юнусова Н. Декоративная вышивка Ура-Тюбе к XIX — нач. XX в. // Изв. АН Таджикской ССР. Д., 1969;
  • Юнусова Н. З. Гулдӯзии тоҷикӣ. М., 1979;
  • Энциклопедияи адабиёт ва ҳунари тоҷик. Ҷ. 1. Д., 1988;
  • Рузиев М. Декоративно-прикладное искусство таджиков. Д., 2003;
  • Энсиклопедияи Кӯлоб. Д., 2006.