Арабеск
Зоҳир
Арабеск (фр. arabesque — арабӣ) — яке аз тарзҳои исти асосии рақси классикӣ.
Дар вақти иҷрои арабеск ҷисм ба пойи ростшуда такя мекунад, пойи дигар рост шуда, ба ақиб боло бардошта мешавад. Як даст ба пеш, дасти дигар ба тарафе ё ба ақиб дароз карда мешавад, тана ба пеш майл мекунад, тахтапушт фурӯ мехамад, дасту пойи дарозкарда мувозинати танаро нигоҳ медоранд. Дар балети муосир шаклҳои мухталифи арабеск вомехӯранд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Арабеск // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.