Арақа

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Арақа — болори сербарест дар пештоқи бино.

Устоҳо ин ҷузъи меъмориро шоҳпул ҳам мегӯянд. Аксар вақт рӯи арақаро кандакорӣ мекунанд ва ё ба нақшҳои гуногун ороиш медиҳанд. Устоҳои гулдаст баъзан байтҳои пурҳикмати шоиронро дар рӯи он сабт мекунанд. Арақа дар санъати меъмории шарқ бештар дар масҷиду мадрасаҳо, манзилгоҳҳо истифода мешуд. Арақаи Айритом яке аз намунаҳои хуби арақаи ниёгон аст. Арақаро дар меъмории ҳозиразамон низ истифода менамоянд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]