Jump to content

Арбоб

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Арбоб (ар. ارباب‎) — мансаб дар Аморати Бухоро.

Дар матнҳои таърихӣ дар шакли танҳо ба маънии «соҳиби мулк», «шахси пулдор» ва «сарватманд» ба кор рафтааст. Арбоб дар аксар шаҳрҳои Осиёи Марказӣ то Инқилоби Кабири Сотсиалистии Октябр ба маънии заминдорони калон ва соҳиби мулк (деҳот) ба кор мерафт. Дар аморати Бухоро сардори миробҳо ва амлокдорҳоро низ арбоб мегуфтанд. Дар деҳаҳо пирони маҳалларо арбоб меномиданд. Андозе, ки барои таъмини арбоб аз мардум ситонда мешуд (мувофиқи салоҳдиди арбоб) «арбобона» ном дошт.