Арвоҳ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Арвоҳ — дар таълимоти динӣ махлуқоти фавқуттабиӣ.

Эътиқод ба мавҷудияти арвоҳ дар натиҷаи шарҳи ғайриилмии ҳодисаҳои ҳаёт ва шуур (хоббинӣ, марг, мадҳушӣ) ба вуҷуд омада, дар таълимоти анимистӣ (ниг. Анимизм) ташаккул ёфтааст. Одами ҷамъияти ибтидоӣ сабаби пайдоиши ин ҳодисаҳоро надониста, зуҳуроти хаёлиро ҳамчун моҳияти асл тасаввур мекард. Мас., вай хоббиниро таассуроти арвоҳ-и аз ҷисм берун баромада дониста, ақида дошт, ки агар арвоҳ бо ягон сабаб ба ҷисм барнагардад, хоб ба марг табдил меёбад. Дар динҳои муосир низ ин ақида вуҷуд дорад. Дар таълимоти динӣ одамони зинда ва арвоҳ-и мурдагон бо ҳам робитаи мутақобила доранд. Ба ақидаи диндорон, арвоҳ махлуқест, ки аз моддаи муайяни шаффоф таркиб ёфта, хосияту қобилияти махсус дорад. Арвоҳ гӯё метавонистааст дар ҷойи дилхоҳаш пайдо шавад, маҳзуну маъюс ё шоду хуррам бошад, ба ҳаёти одамон таъсири манфӣ ё мусбат расонад, аз ҳар гуна монеа гузарад, ҷиҳати зоҳирии худро тағйир диҳад. Аз тарафи дигар, арвоҳ гуруснагию ташнагиро ҳис карда метавонистааст. Арвоҳ ҳамчун ҷузъи рӯҳи илоҳӣ воситаи «мулҳақ шудан» бо Худо будааст. Дар асл тасаввуроти динӣ доир ба олами арвоҳ инъикоси вайрон ва фантастикаи қувваҳои стихиявии табиат ва ҷамъият буда, дарки нодурусти зуҳуроти рӯҳӣ ва шуури инсонист.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]