Аргентиниҳо
Сукунат | |
---|---|
Парвандаҳо дар Викианбор |
Аргентиниҳо — мардум, аҳолии аслии Аргентина. Ҳамчунин дар Парагвай, Уругвай, Чилӣ, ИМА, Мексика зиндагӣ доранд.
Ба лаҳҷаи аргентинавии забони испанӣ такаллум мекунанд; дар Буэнос-Айрес лаҳҷаи лунфардо (омехтаи забони испаниявию италиявӣ) роиҷ аст. Хаташон лотинист. Ибтидои садаи 21-ум 40 млн нафар буданд. Эътиқодмандон католикҳо, протестантҳо ва яҳудиҳоянд. Аз оғози мустамликаи Испания гардидан (а.16) шаклгирии ҷамоати А. шурӯъ гардид; рушди мустақилонаи қабилаҳои ҳинду, ки аслан аз ибтидо муқимӣ буданд, боздошт шуд ва онҳо зуд аз байн рафтанд ё ба дигар гурӯҳҳои аҳолӣ омезиш ёфтанд. Миллати аргентиниҳо аз гурӯҳҳои ҷудогонаи миллату халқиятҳо — испаниягиҳо, креоловҳо, дурагаҳо, ҳабашҳо ва мулатҳо таркиб ёфтааст. Дар ибтидои садаи 21-ум 85%-и аргентиниҳо аллакай асли европавӣ доштанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Аргентинагиҳо / Б. Раҳматов // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.