Jump to content

Аргентит

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Аргентит
Формула Ag2S
Физические свойства
Цвет Чёрный, свинцово-серый
Цвет черты Чёрная
Блеск Металлический
Прозрачность Непрозрачный
Твёрдость 2 — 2,5
Спайность Несовершенная по {001}, несовершенная по {110}
Излом Раковистый
Плотность 7,2 — 7,4 г/см³
Сингония Кубическая (планаксиальная)

Аргентит (аз лот. argentum — нуқра) — минерал, формулаи химиявиаш Ag2S. Таркибаш аз 87,1 % Ag ва 12,9 % S иборат аст. Дар системаи кубӣ кристалл мебандад, кристаллаш кам дучор мешавад. Асосан дар шакли зарраҳо, мӯякҳои борики ба ҳам часпида, хока ва ғ. вомехӯрад. Рангаш аз сафеди сурбмонанд то сиёҳи зардчатоб. Сахтиаш 2 — 2,5; зичиаш 7200 — 7400 кг/м³. Аргентит бо дигар минералҳои нуқрадор дар конҳои нуқра ва баъзан дар таркиби минералҳои кобалту никел, сурбу руҳ вомехӯрад. Аргентит аз минералҳои муҳими нуқра ба ҳисоб меравад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]