Аргиллит

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Аргиллити сабзу сурх дар Лодев

Аргиллит (аз юн.-қад. ἄργιλλος — «гил» ва λίθος — «санг») — ҷинси гилии сангмонанд, ки дар натиҷаи сахт фишор хӯрдан, зич шудан, хушкшавӣ ва часпиши гилҳо ба вуҷуд меояд.

Таркиби аргиллит ба гил наздик буда, аз он бо сахтӣ ва дар об ҳал нашуданаш фарқ мекунад. Асосан аз минералҳои гилии навъи гидроабрақӣ, монтмориллонитӣ ва хлоритӣ, ки омехтаи заррачаҳои кварс, абрақ, шпатҳои даштӣ доранд, таркиб ёфтааст. Ба мисли гил қабатҳои ғафс ё тунуки тахта-тахтаро ташкил медиҳад. Аргиллит ба минтақаҳои геосинклиналии чиндор мансуб буда, дар байни ҷинсҳои таҳшини чуқурхобидаи платформа низ дучор мешавад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]