Ардавони I
![]() | |
Таваллуд |
асри II то м. |
Даргузашт |
124 то м. |
Падар | Фриёпат |
Фарзандон | Меҳрдоди II[d] ва Синотрук |
![]() |
Ардавони I, Артабони I (паҳлавӣ: 𐭍𐭐𐭕𐭓; асри II то м., Шоҳаншоҳии Ашконӣ — 124 то м., Шоҳаншоҳии Ашконӣ) — подшоҳи Ашконӣ (127—124/123 пеш аз мелод), фарзанди Фриёпат. Пас аз кушта шудани Фарҳоди II ба дасти сакоҳо бар тахти шоҳӣ нишаст.
Аз ихтилофи байни селевкиҳо истифода карда, ба тасхири вилоятҳои ҷануби Баҳри Хазар (Каспий), Рай ва Ҳамадон пардохт. Аммо подшоҳ Антиохи III ба муқобили вай бо тақр. 100 ҳазор сарбози пиёда ва 20 ҳазор савора лашкар кашид ва Ҳамадонро аз вай бозпас гирифта, маъбади Аноҳитаро ғорат кард. Сипас, байни Ардавони I ва Антиохи III аҳдномаи сулҳ ба имзо расид, ки тибқи он селевкиён Ардавони I-ро чун шоҳ ба расмият шинохтанд. Баъд аз марги ӯ писараш Фарҳоди IV (Фраат) (Ашки IV) ба тахт нишаст.
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]
- Артабони I // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2021, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.