Ардашери Чангӣ
Ардашери Чангӣ Муҳаммад ибни Ардашер (1475, Ҳирот — 1547, Бухоро) — оҳангсоз ва навозандаи форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз ҷавонӣ ба омӯхтани илмҳои замон, аз ҷумла ҳунарҳои хаттотӣ, ҷадвалкашӣ ва наққошӣ пардохтааст; ба мусиқӣ низ меҳр дошта, дар ҳузури ҳунарварони номии давраш навохтани созҳои мусиқию сурудхониро меомӯзад. Барои фарогирии созу овоз ба Бухоро омада, бо устодони мусиқӣ шинос мешавад ва дар назди Мираки Чангии Бухороӣ чангнавозиро меомӯзад. Ардашери Чангӣ чанд муддат дар Бухоро бо ҳамкории устодаш, ки сардори нақорахонаи Шайбониён буд, чун навозанда хидмат кардааст. Дар ин муддат ӯ бо санъатварони машҳури доираи дарбор ва берун аз он ошно шуда, дар санъати навозандагӣ ва сарояндагӣ маҳорати баланд пайдо мекунад. Истеъдоди мусиқидонии ӯ дар иҷрои мушкилтарин қисмҳои созии мақомҳо вусъат меёбад ва дар заминаи савту навоҳои мусиқии классикӣ асарҳои шаклан мураккаби «Амал», «Савт», «Нақш», «Лозима», «Кор», «Саҷъ», «Рехта», «Қавл», «Куллиёт» эҷод менамояд. Мас. ба мақомҳои «Бусалик», «Наво», «Сегоҳ» ва вазнҳои «Даври шоҳӣ», «Зарбулфатҳ», «Туркзарб» оҳангҳои «Амали Чангӣ», «Пешрави Чангӣ», «Савти тарона», «Рехтаи наво», «Савтуламали Бузург»-ро офарида, дар ин шаклу навъҳои мусиқӣ тағйироти тоза дохил кардааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ардашери Чангӣ / А. Раҷабов // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
- Мусиқии тоҷикон ва анъанҳои таърихии он дар садаҳои XVI—XVII, Д., 2007;
- Донишномаи Шашмақом, Д., 2009.