Jump to content

Арз

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Арз, валюта (итол: valuta — меарзам),

  1. воҳиди пулии мамлакат (мас., сомонӣ дар Тоҷикистон, доллари ИМА);
  2. навъи пул — тилоӣ, нуқрагӣ, коғазӣ;
  3. аломатҳои пулии давлатҳои хориҷӣ, инчунин санадҳои қарзӣ ва пардохтӣ (вексел, чек), ки дар ҳисобу китоби байналмилалӣ истифода мешаванд.

Арз табдилпазир (конвертатсияшаванда, яъне ба арзи дигар ивазшаванда) ва табдилнопазир (пули маҳдуд, ки танҳо дар ҳудуди мамлакати алоҳида қобили истифода аст) мешаванд. Маҳдудияти арзӣ бо силсилаи тадбирҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилие, ки амалиётро бо Арзи хориҷӣ ё пули миллӣ (ва ё тило) ба тартиб медароранд, таъмин мегардад. Дороиҳои арзӣ, ки дар ихтиёри давлат, бонкҳо, ширкатҳои ватанӣ ва байналмилалӣ ҳастанд ва барои муҳосиботу пардохтҳои байнидавлатӣ мавриди истифода қарор мегиранд, захираи арзӣ ё арз дониста мешаванд.