Арзи ҷуғрофиёӣ
Арз (ар. العَرْض — паҳно, бар) — яке аз ду координатаи ҷуғрофиёӣ, ки мавқеи ягон нуқтаро дар сатҳи Замин муайян мекунанд; арз ба масофаи кунҷии нуқтаи мазкур то экватор баробар аст, яъне аз 0° то 90° қимат мегирад.
Барои Нимкураи Шимолӣ арз мусбат қабул шудаасту барои Нимкураи Ҷанубӣ — манфӣ. Азбаски кураи Замин ноҳамвор асту усулҳои муайян кардани мавқеи нуқтаи арзии рӯи Замин як хел нест, мафҳумҳои гуногуни арз истифода мешаванд: арзии астрономӣ φ (кунҷи байни хати шоқулӣ ва ҳамвории экватори Замин, ки ба баландии қутби дунё дар рӯи уфуқи нуқтаи матлуб баробар аст), арзии геодезӣ В (кунҷи байни нормали дар нуқтаи матлуб ба сатҳи Замин гузарондашуда ва ҳамвории экватори он), арзии геотсентрӣ φ′ (кунҷи байни радиус-вектори нуқтаи матлуб ва ҳамвории экватори Замин), арзии осмонӣ β (кунҷи байни самти ҷирм ва ҳамвории эклиптика, ки аз −90° то +90° тағйир меёбад), арзии галактикӣ (кунҷи байни самти ҷирм ва ҳамвории экватори Галактика) ва ғайра.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Арз // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.