Арки Бухоро
Ёдмон | |
Кишвар | |
---|---|
Макон | Бухоро |
Баландӣ | 20 м |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО, № 602 рус. • ингл. • фр. |
Арки Бухоро — ёдгории меъморӣ ва таърихӣ, яке аз қалъаҳои қадимаи Бухоро.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Сохтмонаш қарни 3 то м. сар шуда, дар давраи сулолаи шайбониҳо шакли ансамбли меъмориро гирифтааст. Мувофиқи маълумоти китоби «Хазоин-ул-улум», ки Муҳаммади Наршахӣ дар «Таърихи Бухоро» овардааст, бунёди он ба аҳди Сиёвуш рост меояд. Сиёвуш, писари Кайковус аз падари худ гурехта, рӯди Ҷайҳунро мегузарад ва назди Афросиёб меояд. Афросиёб ӯро хуб қабул карда, ба вай духтараш ва вил. Бухороро медиҳад. Сиёвуш барои аз худ ёдгорӣ гузоштан ин қалъаро бино мекунад. Ҳасудон фитна ангехта, Сиёвушу Афросиёбро ҷанг меандозанд. Дар натиҷа Афросиёб Сиёвушро мекушад. Сиёвушро дар баромади дарвозаи шарқии қалъа — Ғуриён (ё Дарвозаи Алаффурӯшон) дафн мекунанд. Қалъа муддати дароз вайрону валангор буда, дар замони Бухорхудот барқарор карда шуд, вале баъд вайрон шуд, Ҳарчанд кӯшиш намуданд, онро барқарор карда натавонистанд. Олимон ба хулоса омаданд, ки қалъа бояд аз рӯи нақшаи бурҷи Ҳафтдодарон (Дубби Акбар) сохта шавад. Вақте ки қалъаро аз рӯи нақшаи олимон сохтанд, вай дигар вайрон нашуд.
Арки Бухоро таърихи қадима дошта (аз рӯи ҳафриётҳо ба қарни 3 то м. тааллуқ дорад), дар натаҷаи ҷангҳо борҳо вайрон ва аз нав барқарор карда шудааст. Соли 1139 — 40 Хоразмшоҳ Бухороро забт намуда, амир Зангиалиро ба қатл расонд ва қалъаро хароб кард. Соли 1142 Алптегин волии Гӯрхон дар Бухоро таъйин шуд. ӯ қалъаро аз пештара зеботар таъмир карда, дар он ҷой гирифт. Соли 1144 ғузҳо ба Бухоро ҳуҷум намуда, қалъаро хароб карданд. Солҳои 1164 — 65 барои девор гирифтани атрофи Бухоро хишти пухта лозим шуд. Хишти пухтаи таҳкурсӣ ва манораҳои қалъаро канда дар сохтани девор истифода бурданд. Солҳои 1207 — 08 Муҳаммади Хоразмшоҳ қалъаро аз нав барқарор кард. Соли 1220 қӯшунҳои муғул муҳофизони қалъаро кушта, Арки Бухороро талаву тороҷ ва хароб намуданд. Дар замони Шайбониён (қарни 16) Арки Бухоро аз нав таъмиру тармим гардида, симои мукаммал гирифт. Бори охир Арки Бухороро соли 1920 болшевикон бомбаборон намуда хароб карданд.
Меъморӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Шакли арк чоркунҷаи номутаносиб, баландиаш 20 м, масоҳаташ 4 га. Деворҳояш дар ибтидо аз хишти хом ва баъд аз хишти пухта сохта шудаанд. Бинои арк бисёркунҷа буда, дар тӯли мавҷудияташ борҳо хароб ва аз нав барқарор гардидааст. Дарвозаи шарқӣ дар қарни 15 ва ғарбӣ дар қарни 16 сохта шудаанд. Дар болои пештоқи умқии пойконшакл нақорахона, дар ду тарафи пештоқи дарвозаи ғарбӣ «гулдастаҳо» ҷойгиранд. Девори чапи долони дароз, ки то дохили арк мерасад, 12 таҳмон — тоқча ва девори тарафи рост 13 таҳмон дорад. Баъзе таҳмонҳои тарафи чап дарича доранд, ки роҳаш ба зиндон (обхона) мебарад. Зери «гулдаста»-ҳо барои нигоҳ доштани гунаҳкорон «канахона»-ҳо мавҷуд буданд. Дар дохили Арки Бухоро девонхонаҳо, биноҳои истиқоматӣ, қасри амир, Масҷиди ҷомеъ, масҷиди хурд (барои аҳли оилаи амир), зарробхона, заргархона, ҳавлӣ, маҳкамаи қушбегӣ, зиндон, ҳарам, саломхона, хазинаи амир, борутхона, ҳаммом, саисхона, устохонаҳо, қорихона ва 18 мусофирхона вуҷуд доштанд. Пешайвони Масҷиди ҷомеъ бо нақши гиреҳ оро дода шудааст. Дар қисмати шим. ғарби арк манзили сардори тӯпчиён ва назоратчии таъмиргоҳ, дар тарафи шарқи Масҷиди ҷомеъ ошхона, дар қафои он сиккахона, дар тарафи шимоли шарқи сиккахона заргархона, дар ҷан. он маҳкамаи девонбегӣ, қушбегӣ ва биноҳои дигар мавҷуд буданд (баъзеи онҳо то имрӯз боқӣ мондаанд). Роҳи борике, ки аз Масҷиди ҷомеъ сар мешуд, аз дохили ҳавлии қушбегӣ гузашта дар чорсӯ мепайваст. Дар тарафи чапи чорсу ҳавлии калони ташрифотӣ воқеъ буд, ки дар он сафиронро қабул мекарданд, инчунин маросимҳои ба тахт нишастани амирон ҷашн гирифта мешуд. Дар даромадгоҳи ҳавлӣ пештоқи мунаққаше мавҷуд будааст. Се тарафи ҳавлӣ пешайвон дошта, дар пешайвони аввал ду қатор сутунҳои нақшдори муқарнасӣ устувор буданд. Тахти аз мармари Нурато сохташуда дар зери тахти равони ҳамин айвон гузошта шуда буд. Дар тарафи ҷануби ҳавлӣ «Меҳмонхонаи Раҳимхонӣ» ва қорихона ҷойгир шудааст. Дар тарафи ғарби арк барои мирзоҳо ва дигар нӯкарони амир бинои дуошёнае мавҷуд буд. Каме дуртар саломхона, дар қисмати шарқии он меҳмонхона ва истиқоматгоҳи амиру дигар мансабдорон, ҷанубтар аз он ҳаммом ҷойгир буд. Масҷиди хурде, ки дар тарафи шарқи ҳаммом мавҷуд буд, то имрӯз вуҷуд дорад. Дар маркази арк ӯрда (хонае, ки занҳои амир мезистанд), дар шим. он хонаҳои занони қушбегӣ, дар тарафи шарқи ҳаммом духтархона (ҳарами амир), дар қисми шим. шарқӣ масҷиди Чилдухтарон, мазори Ғозибаттол, дар қисми шарқии арк ғуломбача (казарма), дар тарафи ҷан. шарқӣ борутхона ҷо гирифта буд (як қисми биноҳои девори ғарбии арк то имрӯз қисман боқӣ мондааст). Дар шафати дарвозаи арк барои нигоҳ доштани тӯпҳо пешайвоне вуҷуд дошт. Дар самти чапи дарвоза меҳмонхонаи лашкарбошӣ ва дар шим. он қӯрхонаи таъмири аслиҳа буд. Дар аҳди Саид Олимхон дар Арки Бухоро қариб 3000 кас зиндагӣ мекард. Ҳоло танҳо 30 фоизи биноҳои Арки Бухоро боқӣ мондааст. Берун аз арк дар майдони Регистон низ биноҳои зиёде мавҷуд буданд. Дар дохили Арки Бухоро дар майдони 120 × 100 м ҳафриёт гузаронда шуд, ки осори биноҳо, зарфҳои сафолӣ ва маснуоти филизӣ ба қабати аввал (қарни 10), осори масҷиди харобгардида, ҳавлию хонаҳо ва долонҳо ба қабати дуюм (қарни 15.) тааллуқ дошт. Бозёфти ҳафриёт хеле ғанӣ буд, аз ҷумла зарфҳои сафолии марбути қарни 18 ва ибт. қарни 19 хеле ҷолибанд. Ин кашфиёт аз тараққиёту пешрафти ҳунармандии он замон шаҳодат медиҳад. Ҳангоми ҳафриёт аз қабати боқимондаи харобаи бунлодҳо мӯриҳои аз дуд сиёҳшудаи гармидиҳандаи биноҳо ёфт шуданд. Аз пойдевори ҷануби арк боқимондаи қубурҳои сафолӣ ба даст омадаанд, ки ба маркази арк тӯл кашида буданд. Тахмин меравад, ки инҳо воситаи гармигузаронии қадиманд. Дар Арки Бухоро чоҳи махфии корезмонанде вуҷуд доштааст, ки роҳи зеризаминии аркро бо ҳавзи Лесак мепайваст (ҳавз берун аз арк, дар қисми ҷануби он воқеъ буд). Ин васоили махфии таъмини об барои рӯзи муҳосира таъйин гардида буд. Дар натиҷаи ҳафриёти соли 1990 дар ҳудуди меҳмонхонаи амир ва атрофи он пойдевори ҳуҷраҳо, дар мобайни ҳавлиаш суфа, поёнтар ташноб, яххона ва ҳаммом пайдо гардид. Ҳаммом аз ҷиҳати сохт мураккаб буда, обрави зеризаминиашро то заҳкаши берунишаҳрӣ кашида будаанд. Гӯлахҳои дар чаҳор тарафи ҳаммом ҷойгирифта ҳарорати обро як хел нигоҳ медоштанд. Яхи яххонаро то ох. тирамоҳ метавонистанд нигоҳ доранд. Дар чуқурии 2,5 — 3 м аз сатҳи замин роҳи зеризаминӣ пайдо карда шуд.
Таъмиру бозсозӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ба муносибати 2500-солагии Бухоро (1997) тахтгоҳи ҳавлии дохили аркро таъмир карда, шакли пешинаашро барқарор намуданд. Деворҳои арк таъмиру таҷдид, дарвозаи «Ғуриён» рост карда, дигар корҳои ободонӣ роҳандозӣ шуданд. Ҳоло дар Арки Бухоро Музей-мамнӯъгоҳи давлатии меъморию бадеии вилояти Бухоро ҷойгир аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Арки Бухоро / Н. Шарипов, М. Холов // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.