Армуғони Бадахшон
Зоҳир
«Армуғони Бадахшон» (форсӣ: ارمغان بدخشان[1]) — тазкираест, ки Шоҳабдуллоҳи Бадахшӣ таълиф намудааст.
Шарҳи ҳол ва намунаҳои осори шоирони даризабони қарни 19 — ибтидои қарни 20 Бадахшони Афғонистон (Ҷурм, Юмгон, Файзобод, Баҳористон, Дарвоз ва ғайра)-ро дар бар мегирад. Дар «Армуғони Бадахшон» нахуст дар бораи ноҳияҳо маълумоти ҷуғрофӣ, этнографӣ, дар боби забон, вазъи иҷтимоӣ, созҳои мусиқӣ ва тарзи сохтани онҳо ва ғайра оварда шуда, сипас аз шоирони он ноҳия (Оҷиз, Аҳқар, Дабир, Раҳмати Бадахшӣ ва дигарон) сухан рафтааст. Дастнависи «Армуғони Бадахшон» дар дасти хешовандони муаллиф маҳфуз аст. Якчанд пораи он солҳои 1936—1942 дар шумораҳои 57 — 103 маҷаллаи «Кобул» нашр шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ ارمغان بدخشان. mtif.org. بنیاد محقق طباطبایی. 13 Январ 2024 санҷида шуд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Армуғони Бадахшон / С. Ализода // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.