Jump to content

Арслон Қосим

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Арслон Қосим
Таърихи даргузашт: 1687
Маҳалли даргузашт:
Навъи фаъолият: шоир

Арслон Қосим (форсӣ: ارسلان قاسم‎; ? — 1687, Аҳмадобод, Ҳиндустон) — шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Машҳад таваллуд ёфта, муддате дар Тус зиндагӣ кардааст. Дар синни камолот ба Мовароуннаҳр омада, зиндагиву эҷод мекард. Дар солҳои охири умраш ба Ҳиндустон рафт. Тазкиранигорон Хоҷа Ҳасани Нисорӣ («Музаккиру-л-аҳбоб»), Ҳусайнқулихони Азимободӣ («Нештари ишқ») Арслон Қосимро чун шоири соҳибдевон ёд кардаанд, вале девонаш дастрас нагардидааст. Абёти зерин аз ӯст:

Лафзу маънӣ ба ҳоли ман гирянд,
Бе ту чун рӯй дар китоб кунам.

Гирён чу ба сарманзили аҳбоб гузаштам,
Сад мартаба дар ҳар қадам аз об гузаштам.