Арташеси II
| |
аз 30 | |
|
|
Таваллуд | асри I то м. ё номаълум[1] |
Даргузашт | 20 то м.[1] |
Дудмон | Artaxiad Dynasty[d][1] |
Падар | Артавазди II[d][1] |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Арташеси II (асри I то м. ё номаълум[1] — 20 то м.[1]) — подшоҳи Арманистони Бузург писари бузурги Артавазди II.
Ӯ пас аз ба асорат уфтодани падараш ба римиён дар соли 34 то м. бо даъвати фиребкоронаи Антиох ва Клеопатра ба Александрия рафт ва дар он ҷо ба ҳабс гирифта шуд.
Арташеси II аз асорат гурехта, бо ёрии Ашкониён ба тахти подшоҳӣ нишаст. Пас аз забти Арманистон аз ҷониби римиён Арташеси II ба дарбори подшоҳи Ашкониён Фарҳод паноҳ ёфт. Антиох писари хурдсоли худ Александрро подшоҳи Арманистон, Мод ва Порт эълон кард. Пас аз муддате Мод ва Арманистон ба тавассути подшоҳи Ашкониён Фарҳоди IV аз дасти римиҳо озод шуд ва Арташеси II дубора ба тахти подшоҳӣ нишаст. Чун норозигии мардуми Арманистон аз Арташеси II ба авҷи аъло расид, соли 20 то м. аз императори Рим тақозо карданд, то баробари Арташеси II Тигранро, ки дар асорати римиҳо буд, ба ҷойи Арташеси II ба салтанати Арманистон баргузинад. Императори Рим Тигранро бо сипоҳе ба ҷониби Арманистон равон кард, аммо то Арманистон расидани онҳо Арташеси II бо дасти наздиконаш кушта шуд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 1.4 1.5 Армянская советская энциклопедия (арм.) / зери таҳрири Վ. Համբարձումյան, Կ. Խուդավերդյան — Հայկական հանրագիտարան հրատարակչություն, 1974.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Арташес / Қ. Расулиён // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони асри I то м.
- Ашхосе, ки таърихи таваллудашон оварда нашудааст
- Даргузаштагони соли 20 то м.
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Википедия:Қуттии бидуни параметр
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P18)
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P373)