Артиши миллии Тоҷикистон
Артиши миллии Тоҷикистон (форсӣ: ارتش ملی تاجیکستان) — маҷмуъи нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои дифоъ аз худсолорӣ ва якпорчагии кишвар ташкил шудааст.
Артиши миллии Тоҷикистон 23 феврали 1993 бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи «Фронти халқӣ» ва гурӯҳҳои мусаллаҳе ташкил шуд, ки аз ҳукумати қонунӣ пуштибонӣ мекарданд. Дар марҳалаи аввал ҳадафи аслии таъсиси Артиши миллии Тоҷикистон ташаккули нерӯи низомие буд, ки қодир ба нигаҳдошти дастовардҳои истиқлол бошад, озодии шаҳрвандон ва амнияти кишварро таъмин кунад. Вобаста ба ин вазифа гурӯҳҳои зудамал ташкил карда шуданд, ки хешкории аслиашон мубориза бо дастаҳои зиддиҳукуматӣ ва посдошти сохти конститутсионӣ буд. Дар соли 1994 ягонҳои Вазорати дифоъ бештари қаламрави кишварро зери назорат гирифтанд. Солҳои 1994 — 96 марҳалаи дуюми ташаккули сифатан нави Артиши миллии Тоҷикистон оғоз ёфт. Омодасозии афсарони касбӣ дар Коллеҷи ҳарбии Тоҷикистон (Донишкадаи ҳарбӣ) ва омӯзишгоҳҳои низомии Русия оғоз шуд, низомномаву ойинномаҳо ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ таҳия шуданд. Дар ин давра дар сохтори Артиши миллии Тоҷикистон нерӯи заминӣ, нерӯи ҳавоӣ, нерӯи падофанди ҳавоӣ ташкил шуданд. Ба таъсиси Қӯшуни таъйиноти махсус аҳамияти хоса дода шуд. Баъди имзои Созишномаи сулҳу истиқрори миллӣ байни ҳукумати конститутсионӣ ва роҳбарии мухолифин (1997) марҳалаи сеюми (охирини) таъсиси Артиши миллии Тоҷикистон оғоз гардид. Дар ин марҳала бо ёрии бевоситаи дастгоҳи мушовирони низомии Русия дар Артиши миллии Тоҷикистон шохаҳои нави нерӯҳо таъсис дода, усулҳои самарабахши мудирият, омодагии ҷангӣ ва амалиётии нерӯҳо ба роҳ монда шуданд. Ҳоло Артиши миллии Тоҷикистон аз се намуди қӯшун: Қӯшунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, Қӯшунҳои зудамал иборат аст.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Артиши миллии Тоҷикистон // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.