Артоболевский, Иван Иванович

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Артоболевский, Иван Иванович
Таърихи таваллуд 26 сентябр (9 октябр) 1905[1]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 21 сентябр 1977(1977-09-21)[1] (71 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ механика
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои техникӣ[d]
Алма-матер
Роҳбари илмӣ Василий Горячкин
Ҷоизаҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Артоболевский Иван Иванович (26 сентябр [9 октябр] 1905[1], Маскав[2]21 сентябр 1977[1], Маскав) — олими рус дар соҳаи назарияи мошин ва механизмҳо, узви пайвастаи АИ СССР (1946), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1969).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи Академияи кишоварзии ба номи К. А. Тимирязев (1926) ва фак-ти физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Москва (1927). Аз с. 1927 дар мактабҳои олии Москва дарс мегуфт. Проф. Донишгоҳи давлатии Москва (1932 — 42) ва Донишкадаи авиатсионии Москва (1942). Солҳои 1937 — 77 дар Ин-ти тадқиқоти илмии мошиншиносӣ кор кардааст. Иван Артоболевский таснифи механизмҳои фазоиро кор карда, усули таҳлили кинематикаи онҳоро нишон дод. Дар СССР яке аз аввалинҳо шуда оид ба механизмҳои фазоӣ рисола навишт. Усули таҳлили кинематикии механизмҳои мураккаби бисёрузваро кашф кард (1939). Оид ба муаммоҳои усулҳои назариявӣ ва амалии омӯзиши динамикаи мошинҳои корӣ, мошинҳои автоматӣ, истифодаи роботу манипуляторҳо ва мошинҳои қадамгузор тадқиқот бурда аст. Солҳои 1966 — 77 раиси ҷамъияти умумииттифоқии «Дониш», узви раёсати Шӯрои умумииттифоқии ҷамъиятҳои илмию техникӣ ва Кумитаи миллии СССР оид ба механикаи назариявӣ ва амалӣ, президенти Федератсияи байналхалқӣ оид ба назарияи мошину механизмҳо, ноиб-президенти Федератсияи умумиҷаҳонии ходимони илмӣ буд. Вакили Шӯрои Олии СССР (даъватҳои 7, 8, 9). Аз с. 1974 аъзои Раёсати Шӯрои Олии СССР.

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Иван Артоболевский барандаи Мукофоти ба номи П. Л. Чебышев (1946) мебошад. Бо 5 ордени Ленин ва дигар ордену медалҳои шӯравию хориҷа сарфароз гаштааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. 2.0 2.1 Артоболевский Иван Иванович // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохоров — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]