Jump to content

Арфведсонит

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Арфведсонит
Формула NaNa2(Mg;Fe)4Fe(OH)2(Si4O11)
Физические свойства
Цвет черный, иссиня-черный
Цвет черты голубовато-серый
Блеск стеклянный
Твёрдость 5,5-6
Спайность совершенная
Излом раковистый

неровный ступенчатый

Плотность 3,4-3,5 г/см³
Сингония моноклинная

Арфведсони́т — минерали ҷинсофарин, амфиболи ишқории моноклинӣ.

Ба ифтихори химики шветсиягӣ Ю. А. Арфведсон номгузорӣ шудааст. Формулаи химиявиаш: Na2,5 Ca0,5 (Fe2+, Mg, Fe3+, Al)5 [Al0,5Si7,5022] (OH, F)2. Таносуби Mg/Fe3+/Al хеле гуногун аст (ҳангоми Mg >> Fe2+ будан магнезиоарфведсонит ном дорад), Са амалан метавонад вуҷуд надошта бошад. Рангаш сиёҳ, баъзан ҷилои шишагуни кабуд дорад, донаҳояш дарозрӯяи шаклашон нодуруст. Сахтиаш аз рӯи ҷадвали Моос 5,5 – 6. Зичиаш 3400 –3500 кг/м³. Дар қабати сиенитҳои нефелинӣ ва пегматитҳои онҳо, дар баъзе гранитҳои ишқорӣ, метасоматитҳо ва карбонатитҳо бисёр аст.