Архангелский, Александр Александрович

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Архангелский, Александр Александрович
русӣ: Александр Александрович Архангельский
Таърихи таваллуд 17 (29) декабр 1892
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 18 декабр 1978(1978-12-18) (85 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ муҳандис-конструктор[d]
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои техникӣ[d]
Алма-матер
Ҷоизаҳо
Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ
ордени Ленин ордени Инқилоби Октябр ордени Байрақи Сурхи Меҳнат Ордени Ситораи Сурх Медали «Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941—1945»
Мукофоти ленинӣ Мукофоти сталинӣ Merited Engineering Scientist of the RSFSR Zhukovsky Prize

Архангелский Александр Александрович (17 [29] декабр 1892, Қазон[1]18 декабр 1978, Маскав) — авиаконструктор, доктори илмҳои техникӣ.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Баъди хатми Омӯзишгоҳи олии техникии Москва (1918) дар Ин-ти марказии авиаконструкторӣ (ЦАГИ) ва аз соли 1922 якҷоя бо А. Н. Туполев кор кардааст. Дар лоиҳакашӣ ва озмоишҳои аэрочанаҳою глиссерҳо, бунёди самолёти АНТ-2, АНТ-4 (ТБ-1) ва АНТ-6 (ТБ-3) иштирок намудааст. Конструктори асосии самолёти АНТ-9 («Боли Советҳо», 1929). Дар таҳияи лоиҳаи самолёти АНТ-20 («Максим Горкий») саҳми арзанда гузоштааст. Таҳти сарварии Александр Архангелский самолёти бомбаандози СБ (1936) ва намудҳои дигари он, бомбаандози Ар-2 (1940) сохта шудаанд. Соли 1937 дар асоси туҳмати бардурӯғ ҳабс карда шуда, то соли 1941 дар бюрои конструктории махсус кор кардааст. Дар давраи ҶБВ (1941- 45) аз с. 1942 муовини аввали сарконструктори Бюрои конструкторӣ (бо сарварии Туполев) буд. Александр Архангелский ба ташкили истеҳсоли як зумра самолётҳои бамбаандози Ту-2 саҳм гузоштааст. Баъди ҷанг дар лоиҳакашии самолётҳои ҳарбӣ ва мусофирбари Ту-104, Ту-114, Ту-124, Ту-134, Ту-154 иштирок кард.

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Дорандаи Мукофоти сталинӣ (1941, 1949, 1952), Мукофоти ленинӣ (1957), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1947).

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 Архангельский Александр Александрович // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохоров — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]