Jump to content

Арғунун

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Organ in Driever (Westoverledingen), 1885

Арғунун (юн. organon) — сози мусиқии қадимаи юнониён. Арғунун як навъи созҳои забончадору бодист.

Намуду шакли сози Арғунун

[вироиш | вироиши манбаъ]

Арғунун портативӣ, дастӣ, позитивӣ ва бузург мешавад. Арғунун. сози нисбатан мураккаб буда, аз қисмҳои зерин иборат аст: найчаҳо (дами ҳаводеҳ ва найҳои ҳавогузарони чӯбӣ), дастгоҳи танзим (ҷойи клавишҳо барои даст ва пой), вентилятор ва муҳаррики электрӣ. Дар тарафи чапу рости арғунуннавоз воситаҳои навозиш – дастаҳои бӯъдӣ, тугмаҳо ва фишангҳои кумакӣ ҷой дода шудаанд, Найҳо ва найчаҳои ҳавогузарон дар дохили баданаи чӯбии Арғунун. насб шудаанд. Намои Арғунунро найҳои қатори устувонавӣ оро медиҳанд, вале қисман ин найҳо барои навохтан низ истифода мешаванд ва ду тарзи садобарорӣ – лабӣ (ҳавоӣ) ва резонаторӣ (садо дар натиљаи ларзиши пластинаи оҳангӣ ҳосил мешавад) доранд. Гурӯҳи найчаҳои як тембр, ки тамоми диапазони Арғунун. ва ё як қисми онро ташкил медиҳанд, бӯъди Арғунун ном доранд ва аз як мавод таркиб ёфта, дорои шакли якхела мебошанд. Дарозии найчаҳои садобарор (аз якчанд мм то 10 – 11 м) ба фут андоза мешаванд. Найҳои Арғунун. аз руҳ, филизи махсус, ҳамчунин гили кулолӣ, чӯб, коғаз ва пластмасса сохта мешаванд. Теъдоди бӯъдҳо андозаи Арғунунро муайян мекунанд.

Theatre organ in State Cinema, Grays. (Compton Organ)

Арғунуни хурд аз 1 то 16 бӯъд, миёна – аз 17 то 35, калон – аз 36 то 80 ва Арғунуни бузург аз 81 то 200 ва зиёда аз он бӯъд дорад. Бӯъдҳо ҳар яке дорои номи хос мебошанд. Найҳои бӯъде, ки 8 фут дарозӣ доранд, мувофиқи сабти нотавӣ садо мебароранд: 4 ва 2-футї 1 – 2 октава боло ва 16 – 32-футӣ 1 – 2 октава поён. Ҳар як найчаи бӯъдҳои асосии Арғунун фақат як хел садои бетағйир (аз назари баландӣ, тембр ва қувва) мебарорад. Барои ифоданокии садо арғунунсозон механизми наве ихтироъ намудаанд, ки ба воситаи он баъзе садоҳо гӯё аз дур меоянд. Чунин навъи Арғунунҳо соли 1670 дар Англия пайдо шуда, аз соли 1712 маъмул гаштанд ва Арғунунҳои франсавии садаи XIX (Арғунуни толори калони Консерваторияи Москва) аз беҳтарин ва мукаммалтарин намунаҳои он мебошанд. Дар садаи XIX барои Арғунун боз як механизми нав ихтироъ гардид, минбаъд Арғунун ба воситаи навард садо мебаровард ва баъзе бӯъдҳои он созҳои қадимтарини азбайнрафтаро ба хотир меовард. Найҳо аз боде, ки ба воситаи дам ба меъёри муайян равона мешавад, садо мебароранд. То миёнаҳои садаи XIX њаво ба дамњо ба воситаи насосҳои дастӣ равона мегардид. Дар Арғунунҳои имрӯза аз муҳаррики электрӣ истифода мебаранд. Бо он ҳама мураккабӣ Арғунунро як кас менавозад. Арғунун аз 1 то 7 мануал (дастгоҳе, ки дар он клавишҳо барои даст ҷойгиранд) дорад, ки теъдоди клавишҳо дар он ба 60 – 62 (5 октава, аз С то с) мерасанд.Клавиатураи пойӣ (педал) 32 клавиш дорад (2 2/3 октава, аз С то д) ва он ба нӯги по ва пошна пахш мешавад.

Созҳои волинк, шэн (Хитойи Қадим) ва найи Панаи европавӣ тимсоли Арғунун мебошанд. Шакли қадимаи Арғунун гидравлос (Арғунуни обӣ) аст, ки онро дар Искандария (асри 3 то м.) Ктесибия ихтироъ намуд. Мисриёни қадим, юнониён, римиён ва аҳли Византия Арғунунро дар мусиқии дунявӣ (дар сапреҳо, сирк, театр ва маҷлисҳои дарборӣ) истифода мекарданд. Соли 660 папаи Рум Виталиан Арғунун ро дар мусиқии обидонаи калисо кор фармуд. Соли 980 дар калисои Уинчестер (Англия) Арғунуни 400 най ва 2 мануаладор пайдо шуд. Қисмбандии найҳо мувофиқи регистр (бӯъд) аз садаи XII оғоз ёфт. Шакли муосири Арғунун тақрибан ба садаи XVI мувофиқ меояд. Дар Италия ҳанӯз барои Арғунун аз садаи XIV Ф. Лезеро, Д. да Качча ва Ф. Ландино асарҳо эҷод кардаанд. Намояндаи бузурги арғунуннавозӣ дар Испания Арғунун де Кабесон буд. Услуби ӯро И. Кабанилес пайравӣ карда, ба он обуранги хос ва тобишҳои бисёровозӣ бахшид. Намояндагони машҳури ин санъат дар садаи XVII арғунуннавозони оҳангсоз С. Шайдт, И. Я. Фробергер, И. А. Рейнкен, В. Любек ва дигарон буданд. Баъди онҳо (нимаи аввали садаи XVIII) бузургтарин арғунуннавозу композитор И. С. Бах ба арсаи санъати ҷањонӣ омад. Ҳамчунин Ф. Менделсон, Ф. Лист, М. Дюпре, П. Хиндемит, Г. Трекслер (Олмон), Н. Давид (Австрия), М. Майзес (Чехия), Б. Шабелский ва Ж. Гандшин, Н. Вакадзин, И. Браудо, А. Гедике, Л. Райзман, В. Бакеева, А. Котляревский, Н. Оксентян, В. Стамболсия, З. Ҷафарова, С. Дайч, О. Янченко, Л. Дигрис, Х. Лепнурм, Р. Уусвяли (арғунуннавозон ва композиторони шӯравӣ) маълуму машҳуранд. Консертҳои Арғунун дар хориҷа, одатан, дар калисоҳо – ҷойе, ки А.-ҳои беҳтарин мавҷуданд, ташкил мешаванд. Э. Каспарини, З. Хилдебрантд (асрҳои 17 – 18), Ладегаст (Арғунуни ӯ солҳои 1885 – 1959 дар толори хурди Консерваторияи Москва гузошта шуда буд) беҳтарин Арғунунҳоро сохтаанд. Навъи нави «Арғунун»-и романтикӣ»-ро садаи XIX А. Кавайе-Кол (ягона Арғунуни сохтаи ӯ дар толори калони Консерваторияи Москва гузошта шудааст) ихтироъ кард. Арғунуни Калисои Домро фирмаи немисии Валкор сохтааст. Он басо бузург буда, 117 бӯъд, 4 мануал ва педал дорад. Арғунунҳои фирмаи Чехословакия Ригер-Клосс дар толори ба номи П. Чайковскийи Москва, Театри операи Одесса, Консерваторияи Қазон, толори консертии «Баҳор»-и Тошкент, Филармонияи Ереван, толори консертии «Эстония» насб гардидаанд. Аз Арғунунҳои фирмаи А. Шуке (Потсдам) дар консерваторияҳои Горкий, Тбилиси, Алмаато, толори хурди Консерваторияи Москва истифода мебаранд.

Chamber organ by Pascoal Caetano Oldovini (1762).

Арғунунҳои шарқӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар адабиёти бадеӣ ва маъхазҳои таърихии форсу тоҷик (асрҳои 9 – 17) оид ба Арғунун ва тарзи навохти он маълумоти зиёде вомехӯрад. Чунин маълумотро аз таснифоти Абуабдуллоҳи Хоразмӣ (асри 12), Кавкабии Бухороӣ (асри 15), Дарвешалии Чангӣ (асри 17) ва ғ. пайдо карда метавонем. Абуабдуллоҳи Хоразмӣ аз асбоби торӣ будани Арғунун ва шакли кадумонанд доштани он хабар медиҳад. Кавкабии Бухороӣ мавҷудияти Арғунуни даҳониро зикр кардааст. Дарвешалии Чангӣ мегӯяд, ки Арғунун сандуқмонанд буда, 900 тор дошт ва онро 40 кас менавохт. Арғунуни яктораи ҳиндӣ низ машҳур будааст.

Дар Тоҷикистон нахустин Арғунун декабри соли 1979 дар толори консертии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода насб гардидаст. Арғунун маҳсули фирмаи чехии Ригер-Клосс буда, 28 бӯъд, 2 мануал, педал ва швеллер (оҳанпардаи новашакл) дорад. Бо пайдоиши Арғунун дар чумҳурӣ, композиторони Тоҷикистон як теъдод оҳангҳо барои ин асбоби мусқӣ эҷод намуданд, аз ҷумла, «Хаёлот ва пассакаля»-и Борис Пиговат, «Достони миллӣ» ва силсилаи овозии «Рубоиёти Умари Хайём» (барои баритон ва Арғунун)и Юнис Мамедов, достони «Тасниф»-и Х. Ниёзӣ аз ҳамин ҷумлаанд. Аввалин арғунуннавози тоҷик Дилбар Валаматзода буд.[1]

  • Музыкальный энциклопедический словарь, М., 1990.