Юнис Мамедов
Юнис Ҳусейнович Мамедов | |
Таърихи таваллуд | 1 август 1944 (80 сол) |
Зодгоҳ | Ашқобод |
Кишвар | |
Пеша(ҳо) | оҳангсоз |
Юнус (Юнис) Ҳусейнович Мамедов (тав.1.08.1944, Ашқобод – 1995, Душанбе) — композитори тоҷик. Аз соли 1970 узви ИК СССР.[1]
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1965 омӯзишгоҳи мусиқии Ашқобод ва 1971 Консерваторияи давлатии Тошкандро хатм кардааст. Солҳои 1971-73 муаллими омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе ва аз соли 1973 муаллими калони Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода буд. Ҳоло Мамедов аз Тоҷикистон муҳоҷират кардааст.
Эҷодиёт дар Тоҷикистон
[вироиш | вироиши манбаъ]Эҷодиёти Мамедов саршори драматизм, лиризми баланду эҳтиросоти амиқ аст. Ба қавли Э. Гейзер: «Асоси услубии мусиқии Мамедов нотакрор буда, дар онҳо унсурҳои маданияти мусиқӣ, анъана ва фолклори халқҳои тоҷик, туркман ва озар ба ҳам омезиш ёфтаанд. Дар асарҳои ӯ набзи замон ва талаботи давр ба хубӣ эҳсос мешавад. Мамедов дар жанрҳои мухталиф асар офаридааст». Осораш – 4 симфония (1969, 1971, 1978, 1982), балет – триптих сегона: «Достони кӯҳсор» (1985), моноопераи «Умари Хаём» (1985), консерт барои скрипка бо оркестри симфонӣ (1978), 3 достон: яке барои оркестри симфонӣ (1980), дигаре барои оркестри созҳои халқӣ (1982) ва севумин бо номи «Коммунист» барои оркестри симфонӣ ва ровӣ (1968); асарҳои камеравӣ: 2 соната – яке барои фортепиано (1971), дигаре барои виолончел (1983), 3 квартети торӣ, суруду романсҳо ва ғ. Бештари асарҳои Мамедов дар нашриётҳои ҷумҳуриявӣ ва иттифоқӣ нашр шудаанд.[1] Бо пайдоиши арғунун дар Тоҷикистон, композиторони чумҳурӣ як теъдод оҳангҳо барои ин асбоби мусқӣ эҷод намуданд, аз ҷумла, «Достони миллӣ» ва силсилаи овозии «Рубоиёти Умари Хайём» (барои баритон ва Арғунун)-ро Юнис Мамедов аз ҳамин ҷумлаанд. Аввалин арғунуннавози тоҷик Дилбар Валаматзода ин асари мусқии Мамедовро дар толори консертии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода бомаҳорат иҷро намудааст.[2]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С. 222-223 – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 (тоҷ.)
- ↑ Арғунун
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Композиторы и музыковеды Таджикистана. Д., 2010.
- Мусиқишиносон ва оҳангсозони Тоҷикистон. - Душанбе, 2011.
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 1 август
- Зодагони соли 1944
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Ашқобод
- Мусиқидонон аз рӯи алифбо
- Википедиа:Мақолаҳои бесурат дар бораи мусиқидонон
- Шаблони «Пайвандҳои беруна» холӣ
- Оҳангсозон аз рӯи алифбо
- Оҳангсозони Тоҷикистон
- Аъзои Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон