Арғунчак
Зоҳир
Арғунчак — таноб ё арғамчине, ки ду сари он ба шохи дарахт ё ба ҷойе баланд баста мешавад.
Баланд ё паст бастани арғунчак ба синну соли кӯдак вобаста аст. Барои қулайтар шудани нишастгоҳи арғунчак онро бо матои пахтагин мепечонанд. Бачаҳо ба арғунчак савор шуда, ба пешу ақиб дар ҳаво алвонҷ мехӯранд. Шакли дар саноат истеҳсолшудаи арғунчак мураккабтар аст. Ҳангоми сохтани арғунчак аз чӯб ва металл истифода мекунанд. Дар Тоҷикистон арғунчак номҳои бисёр дорад, аз қабили алвонҷ, бод, бодпеч, бозпеч, ҳой, ҳайбод, ҳаючак, ҳулчак ва ғ.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Арғунчак // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.