Арғушти ошпазӣ
Арғишти ошпазӣ - рақси занона аст, ки дар тарзи таҳия ва пухтани оши бурида таҷассум меёбад.
Тавсифи мухтасар
[вироиш | вироиши манбаъ]Арғушти ошпазӣ як навъ рақси мазҳакавии мардумӣ мебошад, ки аз тарафи мард ё зан дар тӯю маъракаҳои хурсандӣ иҷро мегардад. Рақс дар таҳти навозиши дойра ё дастаи навозан- дагон баъзан бо табақи чӯбин ё лаълӣ иҷро мешавад. Мазмуни ин рақс аз тайёр намудани хӯрокҳои миллӣ: оши палав, оши бурида ва ё оши тӯппа иборат аст. Дар арғушти ошпазӣ унсурҳои мазҳака, рақс, пантомима ва сирк омезиш ёфтанд. Чунончи, дар водии Зарафшон мард бо либоси мардона (куртаи сафед, шими сиёҳ ё кабуд, аз болои тоқии чустӣ бо рӯймол баста, миёнбанд, мӯзаи сиёҳ) бо таври мазҳакавӣ тайёр намудани оши палавро инъикос мекунанд. Ӯ табақи чӯбин ё лаълии сафолӣ гирифта, болои сар мемонанд ва дар як ҷой чарх зада, оҳиста пайкарро ҳам карда, табақро аввал ба гардан, баъд ба мобайни китф ва ба пушт мефарорад. Раққос дар ин ҳолат чархзаниро давом дода, пайкарашро оҳиста рост мекунад ва табақро аз пушт ба мобайни китф, баъд ба гардан ва ба болои сар, ба ҷои аввал мебардорад. Ӯ табақро бо ду даст мегирад ва гирди майдон давр зада, мерақсад. Сипас ба замин мешинад ва табақро пеши худ гузошта, бо ҳаракатҳои пантомимӣ табақи пур аз палав- ро тасвир мекунад ва тамошобинонро ба оши палав даъват мекунад. Бо ҳаракату ишораҳои мавзуни рақсӣ лаззати ошро ифода мекунад ва калла меҷунбонад. Дар охири рақс табақро бо ду даст пеши бар дошта, мерақсад. Дар рақси яккаи занона, ки дар базму маъракаҳои занонаи водии Кӯлобу Рашт баргузор мегардад, дар он тарзи таҳия ва пухтаниоши бурида таҷассум меёбад. Иҷрокунанда батарзи шартӣ ашёи ошбурӣ: тахтаву тираки ошбурӣ, суфра, элак ва дегро тасвир мекунад. Ӯ бо куртаи дароз, дар сараш рӯймоли калон партофта, нисфи поёни рухсораашро бо нӯги рӯймол пинҳон медорад. Раққоса қадамҳои хурд-хурд гузошта, пои росташро мувофиқи зарби доира ба замин оҳиста-оҳиста мезанад. Ҳамин тавр, ӯ майдонро ду-се бор давр мезанад, гоҳ-гоҳ тез-тез чарх зада, баъдан ба ин ва ё он тараф ҳаракат мекунад. Сипас иҷрокунанда рақсида, назди «суфра» меояд, онро оҳиста бардошта, меафшонад ва дар замин паҳн мекунад, паҳлуи он «тири ош» ва «элак»-ро ме- гузорад. Назди «суфра» нишаста, бо дастонаш ба «элак» орд андохтан ва бехтани онро тасвир мекунад. Сипас бо дастонаш чобукона тарзи омода кардани хамирро ба ҳамагон намоиш медиҳад. Вақте ки хамир тайёр шуд, ӯ аз хамир як пораро гирифта, лӯнда карда, болои «тахтача» мегузорад ва «тирак» онро тунук карда, бо «корд» (дасташ) онро маҳин мебурад. Сипас раққоса аз ҷой хеста, хамири буридаи дарозро афшонда, онро даруни «дег» меандозад ва каме дар атрофи «дег» мерақсад, баъд аз лаҳзае як қошуқ аз таом гирифта, мазаи онро мечашад. Ӯ калла ҷунбонда, ишора мекунанд, ки таоми болаззат пухтааст.Таомро ба табақи калони чӯбин бардошта, ба тамошобинон пешниҳод мекунад. Иҷрокунанда бо ҳамин рақсида, аз саҳна берун мешавад. Мардҳо низ баъзан ин рақсро, яъне таҳияи оиши буридаро бо тариқи ҳаҷв иҷро мекунанд. Дар замони муосир «Арғушти ошпазӣ» дар миқёси ҷумҳурӣ паҳн гашта, дар репертуари дастаҳои ҳаваскорони бадеӣ мавриди исти- фода қарор дорад. [1]
Маҳалли густариш
[вироиш | вироиши манбаъ]Кӯлоб, Водии Рашт, водии Зарафшон
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ. www.pitfi.tj. 19 феврали 2019 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон / Мураттиб: Д. Раҳимов; муҳаррир Ш.Комилзода. – Душанбе: Эр-Граф, 2017. – С. 48-49. – 280 с.