Jump to content

Арӯз

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Арӯз, илми арӯз (ар. علم العَروض‎) — илми вазни шеър ва қоидаҳои он; як навъи вазни шеър, илми шинохтан ва донистани шеър, усули муайян кардани дурустию нодурустии каломи манзум ва оҳанги шеър.

Дар хусуси маънию мафҳуми арӯз ақидаҳои гуногун баён шудаанд. Шамсуддин Муҳаммади Қайси Розӣ дар «Ал-Муъҷам» навиштааст, ки «аз баҳри он арӯз хонанд, ки шеърро бар он арз кунанд, то мавзун аз номавзун падид ояду мустақим (рост) аз номустақим мумтоз (ҷудо) гардад», аммо Ваҳиди Табрезӣ дар ин ақида аст, ки А. Аз номи рукни охири мисраи якуми байт, ки низ «арӯз» меноманд, гирифта шудааст. Муаллифи «Меъёр-ул-ашъор» Насируддини Тусӣ (а. 13), гуфтаҳои арӯзиёни пешинро оварда менависад: «Баҳромӣ ва ғайри ӯ аз арӯзиён гуфтаанд: арӯз чӯбе бошад, ки дар миёни хайма бошад… Ва чунон пиндорам, ки арӯзро ба ин сабаб ба ин исм гуфтаанд, ки муоризи (муқобили) зарб аст, яъне муқобили ӯ ё аз он ваҷҳ, ки арӯз исми роҳ ва самти роҳ бошад. Ва ин илмро ба он сабаб арӯз хондаанд, ки муштамил аст бар муораза (мубоҳаса) кардан шеърро усул ва аркони ӯ». Сайфии Бухороӣ дар «Арӯзи Сайфӣ» менависад, ки «баъзе мегӯянд арӯз ба маънии тараф аст ва чун ин илм тарафи баъзе аз улум бувад, онро «арӯз» ном кардаанд. Ва баъзе мегӯянд, ки дар таркиби ин се ҳарф, ки «айн»-у (ﻉ), «ро»-ю) (ﺭ) ,«зод» (ﺽ) аст, маънии кашфу зуҳур аст ва чун аз ин илм зоҳир пайдо мешавад вазни саҳеҳ ва вазни ғайри саҳеҳ пас аз ин ҷиҳат, ин илмро «арӯз» ном ниҳодаанд». А. дар луғат роҳи кушода дар кӯҳ аст ва ҳамчунон ки аз роҳе, ки дар кӯҳ аст, ба мавозеъ метавон расид, ин илм низ тариқи (роҳи) маърифати шеъри мустақим (саҳеҳ) ва сақим (хато) аст. Агар шахс арӯзро донад каломи мавзун ва номавзунро низ донад. Пас, ба ин муносибат, ин илмро арӯз номидаанд. А. ба маънии меғ (туман) ва абр аст ва ҳамчунон ки дар абру он чи аз ӯ пайдо мешавад, нафъи бисёр аст, дар ин илм низ нафъи бисёр аст, пас ба ин мушобаҳат ин илмро арӯз гуфтаанд. Асли пайдоиши А. ба ҳаёти мардуми араб пайвастагӣ дорад. Бештари истилоҳоти илми А. Аз номи лавозимоти зиндагии арабҳои бодиянишин (чодарнишин), шутур, давидани шутур, чӯби миёни хайма ва ғ. гирифта шудааст. Дар бораи вазъи низоми А. Ақидаҳои гуногун мавҷуданд. Арабшиносони машҳури немис Г. Эвалд (1803 – 75) ва Р. Вестфал (1826 – 92) пайдоиши арӯзро ба сохти шеъри давраи антиқии Юнони Қадим, аммо акад. Ф. Е. Корш (1843 – 1925), А. Кристенсен (ваф. 1945) бо вазни шеъри забони паҳлавии давраи Сосониён вобаста медонанд. Адабиётшиноси эронӣ Парвиз Нотили Хонларӣ чунин ақида дорад, ки арабҳо дар ихтирои қоидаҳои А. ба вазни осори ба санскрит нигошташуда такя кардаанд. Халил ибни Аҳмад с. 767 дар асоси назми араб, ки пеш аз зуҳури ислом ривоҷ дошт, қоидаҳои арӯзи арабро кашф кард.

Арӯз аз оғози шеър ба забони форсии-тоҷикӣ (а. 9) то имрӯз вазни асосии шеъри форсии тоҷикӣ мебошад, аммо ин маънои онро надорад, ки тамоми вазнҳои шеъри форсии тоҷикӣ аз арабӣ гирифта шудаанд. Баъзе вазнҳо хоси шеъри форсии тоҷикӣ буда, пеш аз пайдоиши арӯзи араб дар шеърҳои халқӣ – фаҳлавиёт, сурудҳо ва ғ. вуҷуд доштанд. Умумияти асосие, ки дар байни арӯзи арабӣ ва арӯзи форсии тоҷикӣ вуҷуд дорад, танҳо дар ягонагии номҳои баҳр, зиҳоф ва афоилу тафоил мушоҳида мешавад. Шоирон ва донишмандони форс-тоҷик арӯзро на дар шакли арӯзи арабӣ, балки аз рӯи қоида ва хусусиятҳои овозии забони форсии тоҷикӣ ва дар заминаи шеърҳои халқӣ муқаррар кардаанд, ки ҳоло мо онро арӯзи форсии тоҷикӣ меномем. Шоирони форс-тоҷик аз вазнҳои арӯзи арабӣ баҳрҳои мутобиқи забони форсии тоҷикиро гирифтанд ва вазнҳое, ки дар шеъри форсӣ-тоҷикӣ буданду дар арӯзи Халил ибни Аҳмад вуҷуд надоштанд, худ муайян карда, ба арӯзи форсии тоҷикӣ дохил намуданд.

Қонунҳои сохти овозии шеъри арабиро ҳарфҳои мутаҳаррику сокин ва ҷузвҳои ибтидоии рукн – ватад, сабаб ва фосилаю фозила, аммо асоси қоидаҳои сохти фонетикии шеъри форсӣ-тоҷикиро ҳиҷо ва навъҳои он ташкил медиҳанд. Намунаи ашъори шоирони а-ҳои 9 – 10 ва асрҳои минбаъдаи адабиёти форс-тоҷик маълум месозад, ки авзони бештари онҳо бо авзони баҳрҳое, ки дар доираҳои арӯзи араб буданд, мувофиқат намекунанд. Нахустин қасидаҳои комили адабиёти тоҷик – «Модари май», «Шикоят аз пирӣ»-и Рӯдакӣ, қасида ва мусамматҳои Манучеҳрӣ, Фаррухӣ ва Унсурӣ дар қолаби вазнҳои арӯзи тоҷикӣ, ки намунаи чунин вазнҳо ҳеҷ гоҳ дар ашъори ягон шоири араб дида намешавад, мебошанд.

Тафовути дигаре, ки дар арӯзи арабу арӯзи аҷам дида мешавад, ин тағйир додани доира ва баҳрҳои атрофи онҳо мебошад. Агар дар доираҳои авзони араб ҳамагӣ шаклҳои солими 16 баҳр гирд омада бошад, арӯзиёни форс-тоҷик дар доираҳои А. шаклҳои солими 42 баҳр ва анвои музоҳафи онҳоро ҷой додаанд. Ҳангоми ба доираҳо ҷудо кардани баҳрҳо, пеш аз ҳама, ҳамнавъ будани ҷузвҳои таркибии онҳо ва баробар будани адади унсурҳои онҳо (сеҳиҷоӣ, чорҳиҷоӣ ва панҷҳиҷоӣ) ба назар гирифта шудааст. Фикру ақидаи арӯзиёни арабу аҷам дар хусуси миқдор, номи доираҳо ва баҳрҳое, ки дар атрофи онҳо ҷой дода шудаанд, мухталифанд (ниг. Доираҳои арӯз).

Арӯзи форсӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бунёди арӯзи форсии тоҷикӣ бо се роҳ анҷом ёфтааст: якум, ба қолабҳои арӯзи анъанавӣ ворид кардани баъзе вазнҳои махсуси форсӣ-тоҷикӣ, ки дар шеърҳои халқӣ вуҷуд доштанд; дуюм, тағйири талаффузи баъзе калимаҳои форсӣ-тоҷикӣ мувофиқи талаботи вазни А. (мас.: аз ин – а-зин, бар ин – ба-рин, ман ин ҷо – ма-нин-ҷо, бинишин – бин-шин, натавонам – нат-во-нам ва ғ.); сеюм, даровардани тағйирот ба арӯзи араб: а) аз 16 баҳри арӯзи араб арӯзиёни форс-тоҷик баҳрҳои Тавил, Мадид, Басит, Вофир, Комилро партофта, баҳрҳои Ҷадид, Қариб ва Мушокилро, ки дар арӯзи араб набуд, ба он ҳамроҳ карда, ҷамъ 14 баҳрро барои шеъри форсӣ-тоҷикӣ мувофиқ донистанд, ки инҳо иборатанд аз Ҳазаҷ, Рамал, Раҷаз, Мутақориб, Мутадорик, Қариб, Музореъ, Мушокил, Ҷадид, Хафиф, Муҷтасс, Сареъ, Мунсареҳ, Муқтазаб; б) тағйири баъзе баҳрҳои арабӣ, мас., агар баҳрҳои солими А. – Ҳазаҷ, Рамал, Раҷаз дар доираи арӯзи арабӣ дар шакли мусаддас ҷой гирифта, дар эҷоди шоирони араб дар шакли мураббаи солим маъмул бошанд, арӯзиёни форс-тоҷик ин баҳрҳоро дар доира дар шакли мусаммани солим ҷой дода, дар шаклҳои мусаммани солим, мусаддаси солим, мураббаи солим ва ҳатто мусаннои солим навиштани шеърро низ таъкид кардаанд. Вобаста ба таърихи инкишофи шеъри форсӣ-тоҷикӣ А. ҳамчун низоми вазн се марҳалаи таҳаввулу такомулро аз сар гузарондааст: 1) нимаи дуюми а. 9 – оғози А. дар шеъри форсии тоҷикӣ; 2) а-ҳои 10 – 11, мавқеи А. дар шеъри форсии тоҷикӣ мустаҳакам гардид, авзони шеър нисбат ба авзони асрҳои гузашта дилнишинтар шуданд, вале дар он давра низ баъзе вазнҳои номатлуб дар истеъмол буданд, ки баъдтар аз доираи истифодаи шоирони форс-тоҷик берун шуданд; 3) аз а. 12 то замони ҳозира. Дар ин марҳалаи нисбатан тӯлонӣ шеър ҳам аз ҷиҳати маъно ва ҳам аз ҷиҳати сохт хеле такмил ёфт. Забони адабии тоҷик боз ҳам инкишоф ёфта, вазнҳои шеърӣ низ ба хусусиятҳои лафзии он мувофиқат пайдо карда, торафт табиитару дилнишинтар гардиданд. Қоида ва усули А. такмил ёфта, вазнҳои нав кашф карда шуданд. Баъзе арӯзиёни форс-тоҷик мисли Баҳромии Сарахсӣ, Бузургмеҳри Қоинӣ ва дигарон аз ин омехташавӣ рукнҳои солим эҷод карданд. Баъзе шоирони форс-тоҷик ба монанди Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ (Балхӣ), Хоҷуи Кирмонӣ, С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, Б. Ҳоҷӣ, М. Фарҳат, А. Ҳаким ва дигарон қариб аз ҳамаи авзони мутааддади шеър баҳра бардошта, худ авзони нав эҷод кардаанд. Ҷалолуддини Румӣ (Балхӣ) дар 54 навъи А. шеър гуфтааст, ки дар 18-тои он то ӯ касе шеър эҷод накарда буд. Хоҷуи Кирмонӣ дар 11 вазни нав, Айнӣ дар 1 вазни нав, М. Фарҳат дар 37 вазни нав, А. Ҳаким дар 5 вазни нав, Б. Ҳоҷӣ дар 1 вазни нав шеър гуфтаанд, ки то онҳо дар ин авзон касе шеъри комил насуруда буд. Агар қоидаҳои сохти овозии шеъри арабӣ бар ватаду сабабу фосила асос ёфта бошанд, асоси қонунҳои сохти фонетикии шеъри форсии тоҷикиро ҳиҷо ва навъҳои он ташкил медиҳанд. С. Айнӣ ин хусусияти арӯзи форсии тоҷикиро таъкид кардааст. Дар А. ҳар як ҳиҷо вобаста ба дарозу кӯтоҳ буданаш номи махсус дорад. Як ҳиҷои дарозро (–) сабаби хафиф, ду ҳиҷои кӯтоҳро (V V) сабаби сақил, як ҳиҷои кӯтоҳу як ҳиҷои дарозро (V –) ватади маҷмӯъ, як ҳиҷои дарозу як ҳиҷои кӯтоҳро (– V) ватади мафруқ, ду ҳиҷои кӯтоҳу як ҳиҷои дарозро (V V –) фосилаи суғро, се ҳиҷои кӯтоҳу як ҳиҷои дарозро (V V V–) фосилаи кубро, чаҳор ҳиҷои кӯтоҳу як ҳиҷои дарозро (V V V V –) фозилаи суғро ва панҷ ҳиҷои кӯтоҳу як ҳиҷои дарозро (V V V V V –) фозилаи кубро меноманд. Мувофиқи қоидаҳои фонетикии сохти шеър дар забони тоҷикӣ ҳиҷо ҷузви асосии вазни А. қарор гирифтааст. Бунёди арӯзи форсии тоҷикиро ватаду сабабу фосилаю фозила не, балки ҳиҷои кӯтоҳу ҳиҷои дароз ва ҳиҷои якуним ташкил медиҳанд. Саҳеҳию носаҳеҳии вазни шеър дар забони форсӣ-тоҷикӣ ба воситаи ҳиҷо чен карда мешавад. Барои санҷидани авзони шеър аз омезиши ҳиҷоҳои дарозу кӯтоҳ ва якунимҳиҷо шаклҳои овозии гуногун сохта шудаанд, ки дар А. бо номи рукнҳои солим (афоили солим) ва рукнҳои фаръӣ машҳуранд (ниг. низ Рукн, Зиҳоф). Миқдори шаклҳои овозии ҳиҷоҳо дар арӯзи форсӣ-тоҷикӣ 223-то буда, дар баҳрҳои арӯзӣ ба такрор меоянд ва ҳар кадоми онҳо дар ҳар баҳр номи муайян доранд. Сабаби шаклҳои якхела доштани афоили арӯзӣ (зиҳоф) ва гуногун будани номи онҳо ба амалиёти зиҳофсозии рукнҳои ҳар баҳр вобастагӣ дорад. Ҳамин тариқ, қонунҳои фонетикии забон ва сохти шеъри форсӣ-тоҷикӣ имконият дод, ки донишмандони илми А. дар заминаи он шаклҳое ба вуҷуд оварданд, ки минбаъд барои чен кардани каломи манзум меъёри асосӣ гардид. Хулоса, шеъри арӯзӣ ё усули арӯзӣ дар забони тоҷикӣ бар ҳиҷо асос ёфтааст.

Донишмандони арӯзи тоҷикӣ хусусиятҳои овозии шеърро ба назар гирифта, меъёр ва андозаҳои ҳиҷосозиро муайян кардаанд, ки минбаъд чун қоидаи сохти фонетикии шеър мавриди истифодаи шоирон қарор гирифт. Таркиби ҳиҷоҳои шеъри арӯзиро шаш овози садонок (а, и, у, о, ӯ, э), чор ҳарфи йотбарсар е, ё, ю, я ва бисту чор овози ҳамсадо (б, в, г, ғ, д, ж, з, й, к, қ, л, м, н, п, р, с, т, ф, х, ҳ, ч, ҷ, ш, ъ) ташкил медиҳанд. Садонокҳои а, и, у, ӯ, э, о, ӣ як воҳиди овозӣ доранд. Садоноки ӣ, агар баъди садонокҳои о, ӯ («доноӣ» – «донойӣ», «хушрӯи» – «хушрӯйӣ» ояд, дар талаффуз ду таркиби овозиро ба вуҷуд меоварад. Садонокҳоро вобаста ба оҳанг ба ду гурӯҳ – дароз ва кӯтоҳ ҷудо кардаанд. Садонокҳои а, и, у, кӯтоҳ, садонокҳои о, ӯ, э, ӣ дарозанд. Ҳиҷои забонӣ ва ҳиҷои арӯзӣ низ аз ду ва зиёда ҳарфҳо ташкил меёбанд (ҳиҷоҳои якҳарфа ҳам ҳастанд), ки яке аз онҳо асосӣ буда, ҳарфҳои дигар аз ягон ҷиҳат ба ҳарфи асосӣ тобеанд. Дар бештари ин мавридҳо ҳарфи асосӣ садонок аст. Аммо дар ҳиҷои арӯзӣ гоҳе ҳарфи ҳамсадо ҳарфи марказии ҳиҷоро ташкил медиҳад. Мас., калимаи «дошт» дар А. ҳукми ду ҳиҷоро дорад: ҳиҷои аввал «до», ки ҳарфи асосӣ ё марказии он садоноки дарози «о» мебошад, ҳиҷои дуюм – «шт», ки албатта, ҳарфи асосии онро ҳамсадои «ш» ташкил медиҳад. Дар ин маврид арӯзиён ба он садоноки кӯтоҳеро илова карда, талаффуз менамоянд. Чунин хусусияти ҳиҷосозии ҳарфҳои ҳамсадоро донишмандони гузаштаи илми А. ва илми қофия пай бурда, дар хусуси он изҳори ақида кардаанд: «Ва дар порсӣ ҳаракате дигар аст, ки онро дар ҳеҷ кадом аз ин ҳаракоти сегона, яъне заммаю фатҳаю касра нисбат натавон кард ва онро ҳаракати маҷҳул ва ҳаракати мухталаса хонанд, монанди ҳаракати лафзи «ро» дар лафзи «порсӣ», ки бар вазни фоилун аст ва бошад, ки ин ҳаракат дар ибтидои калимот уфтад ва агар касе онро аз қабили ҳаракат нашуморад ба сабаби он ки ба яке аз ҳаракати мазкура мансуб нест, бо ӯ дар иборат музояқат (танг) нест, аммо дар шеър онро аз қабили ҳаракат бояд шумурд ба далели вазн» (Насируддини Тусӣ). Дар илми А. ҳиҷоҳоро вобаста ба садонокҳои дарозу кӯтоҳ ва мавқеи ҳиҷоҳо (ҳиҷои баста ва ҳиҷои кушода) ба кӯтоҳ, дароз ва якуним тақсим кардаанд. Ҳиҷоҳоеро, ки аз як садоноки кӯтоҳ (мисли: а, и, у) ё аз як ҳамсадою як садоноки кӯтоҳ (мисли: ба, би, бу) иборатанд, ҳиҷоҳои кӯтоҳ ва ҳиҷоҳоеро, ки аз як садоноки дароз (мисли: о, ӯ) ё аз ду ҳамсадою як садоноки кӯтоҳ (мисли: дар, бар) ташкил ёфтаанд, ҳиҷоҳои дароз меноманд. Ҳиҷоҳои бастае, ки садонокҳояшон кӯтоҳанд (мисли: ар, ад, яд) ва ҳиҷоҳое, ки аз ду ҳамсадою як садоноки дароз (ба шарте ки ҳарфи охирашон «н» бошад, мисли: нон, дон), инчунин, ҳиҷоҳое, ки аз як садоноки дарозу як ҳамсадои «н» сохта шудаанд, ба гурӯҳи ҳиҷоҳои дароз дохил мешаванд. Ҳиҷоҳои навъи «бод», «рӯз», «дашт», «дошт», «ноб», «арк», «орд» ва ғ. дар шеъри арӯзӣ ба воситаи кашиши ҳарфи охир, ба қавли Насируддини Тусӣ, «маҷҳулулҳарака» ба як ҳиҷои дароз ва як ҳиҷои кӯтоҳ табдил меёбанд (бо-д; рӯ-з; даш-т; ар-к; ор-д; до-шт) ва ғ.

Мас., дар ин байти Ҳофиз:

Салоҳи кор куҷою мани хароб куҷо,
Бубин тафовути раҳ аз куҷост то ба куҷо?

ки дар баҳри Муҷтасси мусаммани махбуни маҳфуз суруда шудааст, аз ҳиҷои «ҷос» (дар калимаи «куҷост») ҳарфи «т»-ро соқит карда, се ҳарфи он, яъне «ҷос»-ро ба ду ҳиҷо (–V) ҷудо кардем, то ки миқдори ҳиҷоҳои дарозу кӯтоҳи ҳар ду мисраъ баробар шаванд.

Дар ашъори шоирони форс-тоҷик гоҳе ба калимаҳое дучор меоем, ки аз як садоноки дарозу чаҳор ҳамсадо иборатанд. Ин навъи калимаҳо, ки як ҳиҷоро ташкил медиҳанд, асосан мураккабанд, вале шоирон бо мақсади риоя кардани вазн онҳоро боз ҳам кӯтоҳтар мекунанд. Барои мисол як байти Хусрави Деҳлавиро меорем:

Сӯи дари ту раҳбари ҷонҳои ошиқон-ст,

мафъӯлу/фоилоту/мафоӣлу/фоилот

– – V / – V – V / V – – V / – V~

Боде, ки он ба кӯи ту рафтасту меравад.

мафъӯлу/фоилоту/мафоӣлу/фоилун

– – V / – V – V / V – – V / – V –

Дар ин байт, ки вазнаш Музореи мусаммани ахраби макфуфи мақсур (зарб – маҳзуф) аст, ҳарфҳои «с» ва «т»-и калимаи «ошиқон-ст» зиёдатист, барои ҳамин, ҳангоми тақтеъ ҳарду ҳарфро мепартоянд. Дар ҳиҷоҳое, ки ҳамсадои «н» баъди садонокҳои дарози «о», «ӣ» ва «ӯ» (мисли «дон», «дун», «дин») хоҳ дар аввал, хоҳ дар байн ва хоҳ дар охири байт омада бошад, одатан, як ҳиҷои дарозро ташкил медиҳад. Ҳангоми ба ҳиҷоҳо тақсим кардани калимаҳо садонокҳои кӯтоҳи а, и, у вобаста ба мавқеи талаффуз ва талаботи вазн гоҳе кӯтоҳ ва гоҳе дароз мешаванд. Мас., барои садоноки «и»:

Агар он турки шерозӣ ба даст орад дили моро,
Ба холи ҳиндуяш бахшам Самарқанду Бухороро.

мафоӣлун/мафоӣлун мафоӣлун/ мафоӣлун

V – – – / V – – – / V – – – / V – – –

Ҳофиз

Дар ин байт ҳиҷои «ки» (дар ибораи «турки шерозӣ») ва ҳиҷои «ди» (дар ибораи «дили моро») дар вазни шеър ҳамчун ҳиҷои кӯтоҳ, аммо ҳиҷои «ли» (дар ибораи «дили моро» ва ибораи «холи ҳиндуяш») чун дароз иштирок кардааст.

Мас., барои садоноки «у»:

Баду неки мо бигзарад бегумон,

Раҳоӣ набошад зи чанги замон.

фаъӯлун / фаъӯлун / фаъӯлун /фаъул

V – – /  V –  –  /  V –  –  / V –

Фирдавсӣ

Дар ин байт ҳиҷои «ду» (дар калимаи «баду») вобаста ба вазни шеър чун ҳиҷои дароз, ҳиҷои «гу» (дар калимаи «бегумон») ба вазифаи ҳиҷои кӯтоҳ омадааст. Азбаски имтидоди ҳиҷои дароз ҳангоми талаффуз ҳамеша аз ҳадди ақалли ҳиҷои кӯтоҳ зиёд аст, арӯзиён як ҳиҷои дарозро баробари ду ҳиҷои кӯтоҳ донистаанд. Ин меъёр, дар навбати худ, дар амалияи шоирӣ пурра ба эътибор гирифта шудааст ва шоирон дар қасидаю ғазалиёти хеш байтҳоеро ҷой додаанд, ки агар дар мисраи аввал муфтаъилун (– V V –) оварда бошанд, дар мисраи дуюм ба ҷои он мафъӯлун (– – –)-ро ба кор бурдаанд, ё агар рукни охири мисраи якум махбуни маҳзуф (фаъилун V V –) бошад, рукни охири мисраи дуюмро аслам (фаълун – –) овардаанд.

Мас., як байти қасидаи «Модари май»-ро меорем:

Марди ҳарас кафкҳош пок бигирад,

муфтаъилун/фоилоту/муфтаъилун/фаъ

– V V – /– V – V /– V V – / –

То бишавад тирагишу гардад осон.

муфтаъилун/фоилоту/мафъӯлун/фаъ

– V V –  /– V – V / –  –   – / –

Илова ба меъёрҳое, ки ба ҳукми қонуни сохти фонетикии шеъри тоҷикӣ мубаддал гардидаанд, истисноҳое низ вуҷуд доранд, ки шоирони адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик дар ашъори хеш онҳоро риоя кардаанд. Яке аз ин истисноҳо он аст, ки агар баъди садоноки дароз боз ҳарфи садонок ояд (хоҳ садоноки дароз бошад, хоҳ садоноки кӯтоҳ), ҳиҷои аслан дароз ба ҳиҷои кӯтоҳ табдил меёбад. Мас:

Ки вақти ёрӣ омад, ёрие кун,

Дар он хунхӯрданам ғамхорие кун.

мафоъӣлун/ мафоъӣлун/фаъулун

V –  –  – / V –   – –  / V – –

Низомӣ

Ҳиҷои «рӣ»-и калимаҳои «ёрӣ», «ёрие» ва «ғамхорие» мувофиқи қонуни сохти фонетикии забони тоҷикӣ ҳиҷои дароз аст, зеро дар се мавдрид ҳар се ҳиҷо аз як ҳамсадою як садоноки дароз («рӣ») таркиб ёфтаанд. Азбакски баъди садоноки дарози «ӣ» садонокҳои «о» ва «ё» омадаанд, шоир мувофиқи талаботи вазни шеър – Ҳазаҷи мусаддаси маҳзуф ҳиҷои дарози «рӣ»-ро ҳамчун ҳиҷои кӯтоҳ ба кор бурдааст. Баъзан дар шеър ҳолатҳоеро мебинем, ки айни ҳамон ҳиҷо дар як байт ҳам ба вазифаи ҳиҷои кӯтоҳ ва ҳам ба вазифаи ҳиҷои дароз омадааст. Дар байти зер, ки дар вазни Ҳазаҷи мусаддаси мақсур аст, Низомӣ вобаста ба оҳанг ва вазни шеър аз ҳиҷоҳои якхела чунон устодона ва моҳирона истифода бурдааст, ки худи як шакли ҳиҷо дар як байт ду хел талаффуз карда мешавад:

Раҳе дорам ба ҳафтоду ду ҳинҷор,

Аз он як раҳ гулу ҳафтоду ду-хор.

мафоъӣлун/ мафоъӣлун/мафоъӣл

  V – – – / V  –  –  – / V – ~

Дар мисраи аввал ҳиҷои «ду» (дар калимаи «ҳафтоду») чун ҳиҷои дароз, дар мисраи сонӣ ҳиҷои «ду» (дар калима «ҳафтоду») чун ҳиҷои кӯтоҳ; дар мисраи якум ҳиҷои «ду» (дар таъбири «ду ҳинҷор») чун ҳиҷои кӯтоҳ, аммо дар мисраи дуюм ҳиҷои «ду» (дар ибораи «ду хор») ба вазифаи ҳиҷои дароз омадааст. Истиснои дигаре, ки ба чашм мерасад, ин аст, ки ҳангоми тақтеи байт ҳарфи ҳамсадои охири калима ба аввали ҳиҷои калимаи дигар мегузарад. Ин ҳолат дар сурате рух медиҳад, ки агар ҳарфи охири калимаи якум ҳамсадо бошаду ҳарфи аввали калимаи дуюм садонок. Мисли ин байти Рӯдакӣ:

Ҳар бод, ки аз сӯи Бухоро ба ман ояд,

Бо бӯи гулу мушку насими Хутан ояд.

 мафоъӣлу/мафоъӣлу/мафоъӣлу/фаъӯлун

– – – V / V – – V / V – – V / V – –

Дар ин байт, ки дар баҳри Ҳазаҷи мусаммани ахраби макфуфи маҳзуф суруда шудааст, устод Рӯдакӣ барои он ки калимаҳои «ман ояд» ва «Хутан ояд» ба шакли афъоли зиҳофи маҳзуф – фаъӯлун мувофиқат кунад, онҳоро дар шакли «ма-нояд» ва «су-ма-нояд» ҷой додааст.

Барои он ки тамоми мисраъҳои шеър ба вазни он мувофиқат кунад, баъзан шоирони форс-тоҷик маҷбур шудаанд, ки шакли маъмулӣ ва дурусти баъзе калимаҳои байтро тағйир диҳанд. Арӯзшиноси тоҷик Баҳром Сирус дар китоби «Арӯзи тоҷикӣ» бисту чаҳор навъи ин тағйиротро бо мисолҳояш овардааст. Дар шеърӣ арӯзӣ чун шеъри ҳиҷоӣ миқдори ҳиҷоҳои мисраъҳои байт дар бештари маврид бо якдигар баробаранд, вале тафовут дар он аст, ки дар шеъри арӯзӣ фақат шумораи ҳиҷоҳо не, балки дарозию кӯтоҳии онҳо низ ба ҳисоб гирифта мешаванд. Яъне, ҳиҷоҳои дарози мисраи якум бояд дар баробари ҳиҷоҳои дарози мисраи дуюм ва ҳиҷоҳои кӯтоҳ дар баробари ҳиҷоҳои кӯтоҳ қарор гиранд. Мас., дар ин байти Низомӣ:

Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад,

Агар хоре бувад, гулдаста гардад.

таносуби ҳиҷоҳои дарозу кӯтоҳ чунин аст:

Ба-ҳар-ко-ре-ки-ҳим-мат-бас-та-гар-дад,

А-гар-хо-ре-бу-вад-гул-дас-та-гар-дад.

Ҳар мисраъ 11-тоӣ ҳиҷо дорад ва аз онҳо 8-тояшон ҳиҷои дарозу 3-тояшон ҳиҷои кӯтоҳ буда, аломати шартиашон чунин аст:

        V – – – / V – – – / V – –

        V – – – / V – – – / V – –

Дар А. рукнҳои байтро аз якдигар бо хати моил (/) ҷудо мекунанд. Ин амал, яъне ба рукнҳо ҷудо кардани шеърро тақтеъ меноманд. Агар тартиби ҳиҷоҳои дарозу кӯтоҳ дар рукнҳо тағйир ёбад, оҳанги шеър низ дигар шуда, вазнҳои нав пайдо мегарданд. Барои мисол ду байти Ҳофизро меорем:

Кай шеъри тар ангезад, хотир, ки ҳазин бошад,

Як нукта аз ин маънӣ гуфтему ҳамин бошад.

таносуби ҳиҷоҳо чунин аст:

Кай-шеъ-ри-та-ран-ге-зад-хо-тир-ки-ҳа-зин-бо-шад,

Як-нук-та-а-зин-маъ-нӣ-гуф-те-му-ҳа-мин-бошад.

Аломати шартиашон чунин аст:

– – – V / V – – – / – – V / V – – –

– – – V / V – – – / – – V / V – – –

Навъҳои гуногуни вазн, ки дар натиҷаи иваз шудани ҷойи ҳиҷоҳои дарозу кӯтоҳ ба вуҷуд меоянд, баҳр ном доранд. Дар шеъри форсӣ-тоҷикӣ асосан, 14 баҳр ба кор бурда мешавад. Ин баҳрҳо аз ҷиҳати аркон (рукнҳо) ба ду гурӯҳ: аслӣ (ё солим) ва фаръӣ (ғайриаслӣ) ҷудо мешаванд. Доир ба қоидаҳои арӯзи форсии тоҷикӣ ва усули таълими он, роҷеъ ба муносибату тафовути арӯзи форсии тоҷикӣ аз арӯзи арабӣ рисолаҳои зиёде таълиф гардидаанд, ки «Ал-Мӯъҷам»-и Шамс Қайси Розӣ, «Рисолаи арӯз»-и Рашиди Ватвот, «Меъёр-ул-ашъор»-и Насируддини Тусӣ, «Нисоб-ус-сибён»-и Абунасри Фароҳӣ, «Мизон-ул-авзон»-и Алишери Навоӣ, «Ҷамъи мухтасар»-и Ваҳиди Табрезӣ, «Бадоеъ-ус-саноеъ»-и Атоуллоҳи Ҳусайнӣ, «Арӯзи Сайфӣ»-и Сайфии Бухороӣ, «Рисолаи арӯз»-и Ҷомӣ, «Чаҳор гулзор»-и Хоҷа Ҳасани Нисорӣ, «Меъроҷ-ул-арӯз»-и Муҳаммад Ғиёсуддин, «Ҳафт қулзум»-и Қабулмуҳаммад, «Матлаъ-ул-улум ва маҷмаъ-ул-фунун»-и Воҷидалии Муҷмалӣ, «Вазни шеъри форсӣ» ва «Таҳқиқи интиқодӣ дар арӯзи форсӣ ва чигунагии таҳаввули авзони ғазал»-и донишманди машҳури эронӣ Хонларӣ, «Арӯзи тоҷикӣ»-и Баҳром Сирус, «Фарҳанги истилоҳоти арӯзи Аҷам», «Қомуси қофия ва арӯзи шеъри Аҷам», «Таҳқиқ ва таълими арӯз», «Офтобе дар миёни сояе» (дар ду қисм), «Анвоъ ва авзони шеъри халқии тоҷикӣ», «Каломи манзум»-и У. Тоиров, «Арӯз ва омӯзиши он»-и Мирзо Солеҳ ва ғ. Аз ҷумлаи онҳо мебошанд.