Jump to content

Асадуллоҳи Ахтар

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Асадуллоҳ Ахтар
форсӣ: اختر
Тахаллусҳо: Ахтар
Зодгоҳ: Мовароуннаҳр
Таърихи даргузашт: 1670(1670)
Маҳалли даргузашт: Аҷмир, Ҳиндустон
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: форсӣ

Асадуллоҳи Ахтар (форсӣ: اختر‎; ?, Мовароуннаҳр — 1670, Аҷмир, Ҳиндустон) — шоири форсизабони Ҳиндустон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар синни камолот ба Ҳиндустон рафта, дар ҳамон ҷо зиндагӣ ва эҷод кардааст. Дар навъҳои гуногуни адабӣ шеър гуфтааст. Бо номҳои «Гулшани Маҳмуд», «Шуълаи ишқ», «Гетиошӯб», «Аҷабнома», «Сурмаи ҳасрат», «Тилисми ваҳдат» маснавиҳо доштааст.

Абёти зерин аз ӯст:

Теғ чун дорӣ ба каф, золим, муроди ман барор,
Во магир аз ташнагон оби зулоли хешро.
Мусҳафи рӯйи ту гардид бӯсагоҳи лаб маро,
Дидам аз «Девон»-и Ҳофиз хуни фоли хешро.
Ба оине, ки сад шамъ аз насиме кушта мегардад,
Ҷавоне шуд шаҳид аз шӯхии он офати лабҳо.